Пешвои миллат – сутуни субот ва зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистон

Баробари соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон ба сари мардум ҷанги шаҳрванӣ ва мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ бор гардид, ки он рӯзҳо даҳшат буд. Талафоти ҷониву моддии он давра ба ҳастии миллат ва нигоҳ доштани давлати соҳибистиқлол бевосита таҳдиди шадид дошт, ки ҳатто баъзе аз ҳукуматдорон, сиёсатмадорон ва аҳли зиё, дар он ақида буданд, ки Тоҷикистон Авғонистони дуюм мешавад.

Тибқи маълумоти расмии ҳукумати Тоҷикистон, давоми ҷанги панҷсола зиёда аз 60 ҳазор нафар ҷон бохтаанд. Аксари коршиносони мустақил ва расонаҳо қайд мекунанд, ки ин рақамҳо кам буда, шумораи воқеии ҳалокшудагон аз 100 то 150 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. То моҳи декабри соли 2013 42 қабри дастаҷамъӣ муайян карда нашудааст, ки асосан дар қисматҳои марказӣ ва ғарбии кишвар ҷойгиранд. Илова бар ин, якчанд ҳазор нафар бедарак шуданд.

Дар натиҷаи ҷанг беш аз 25 ҳазор зан бевазан шуданд ва тақрибан 55 ҳазор кӯдакон ятим монданд. Чандин ҳазор оила саробони худро аз даст доданд.

Ҷанги шаҳрвандӣ яке аз омили манфии табаддулоти сохтории иқтисодиёти Тоҷикистон, ки на танҳо рушди иқтисодиро боздошт, балки натиҷаҳои тӯлонии рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакатро ба даҳсолаҳо ақиб партофт.

Ҳоло дар замони шӯравӣ шурӯъ аз нимаи дуюми солҳои 80-ум пастшавии дараҷаи рушди иқтисодӣ ва аз соли 1991 бошад, якбора коҳиш ёфтани истеҳсолот ба вуҷуд омад. Оид ба ин маълумоти зерин шаҳодат медиҳад: агар солҳои 1981-1985 дараҷаи афзоиши миёнасолонаи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 3,1%-ро ташкил дода бошад, дар солҳои 1986-1990 ин нишондиҳанда то 0,8% паст фаромадааст. Дар соли 1996 нисбат ба соли 1991 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба андозаи 67,4% кам шудааст.

Дар натиҷаи бӯҳрони табаддулотӣ ва сиёсӣ соҳаҳои асосии иқтисодиёти ҷумҳурӣ – саноат ва хоҷагии қишлоқ дар сатҳи пасти рушд қарор дошт. Ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ дар соли 1996 нисбат ба соли 1991 34,2% ва истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ мутаносибан 58,7% -ро ташкил намуд.

Тибқи ҳисобҳои консервативӣ, ҷанги шаҳрвандӣ ба Тоҷикистон беш аз 10 миллиард доллар зарар овард.

Барои Тоҷикистонро аз нестшавӣ наҷот додан мӯъҷиза монда буду халос. Эмомалӣ Раҳмон бо тадбирҳои хирадмандона ва матонату ҷасорати фавқулодда кишварро аз вартаи нестшавӣ ва ҳалокат берун овард, мардуми парешонро сарҷамъ намуд ва садҳо ҳазор ғурбатзадагонро ба ватан баргардонд.

Бо ирода, донишу малака ва меҳнати шабонарӯзии Сарвари давлат дар як муддати кӯтоҳ харобаҳо ба ободӣ табдил ёфта, рушди иҷтимоию иқтисодии мӯътадил таъмин гашта, иншооти азим сохта ба истифода дода шуда, барои ба ҳам пайвастани тамоми гӯшаву канори мамлакат шоҳроҳи ваҳдат ва барои мустақиман баромадан ба уқёнус ва робита ёфтан ба кишварҳои дуру наздики хориҷӣ роҳҳои бузурги мошингард сохта шуданд.

Муҳимтарин комёбиву дастовардҳои кишвар натиҷаи меҳнати фидокоронаи халқи Тоҷикистон ва иқдомҳои қаҳрамононаи Эмомалӣ Раҳмон ва ҳаммаслакони содиқаш мебошад.

Бузургтарин дастоварди мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бешубҳа, пойдор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст. Маҳз таъмини сулҳ ва ваҳдати миллӣ ба марҳилаи барқарорсозии иқтисодиёт ва оғози корҳои созандагию бунёдкорӣ заминаи боэътимод гузошт.

Дуруст муайян кардани стратегияи рушди иқтисодӣ аз ҷониби Сардори давлат ва муайян кардани ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон: таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар масъалаҳои калидии таъмини рушди босуботи ояндадори кишвар мебошад. Бояд зикр намуд, ки воқеан дар мӯҳлати кӯтоҳи таърихӣ ноил гаштан ба натиҷаҳои ин ҳадафҳо ин худ қаҳрамонист. Ҳалли масъалаҳои мазкур ҳоло пурра нафъҳои худро надодаанд, ки арзиши онҳо 100 солаҳо мебошад. Боз аз ҷониби Пешвои миллат андешидани чораҳо ва ноил шудан ба стратегияи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар Тоҷикистонро на танҳо ба мамлакати ободу зебо мубаддал мегардонад, инчунин рақобатпазирии онро дар арсаи байналмилалӣ таъмин мекунад.  

Маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар интиҳои асри ХХ аз фоҷиаи миллӣ раҳоӣ ёфта, истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшид ва миллати тоҷик баъд аз ҳазор сол дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардид ва имрӯз ба сӯи ояндаи нек устуворона қадам мегузорад.

 

Каримов Р.А., н.и.и., дотсент, мудири кафедраи хадамоти гумруки ДДҲБСТ

You might also like