Ҷавоно, сар матоб аз панди пирон…

Беҳуда нест, ки шахсони солдида то як тифл калон шуда ба воя расидан, ҳафт шаҳр қомат афрохта, ободу зебо мегардад, нагуфтаанд. Албатта падару модар, аҳли ҷамъият мактабу маориф барои ҳамаҷиҳата тарбия ёфтану таълим гирифтани ҳар як ҷавон заҳмати беандоза мекашанд. Ҳамин ҷиҳати мушкилу заҳматталаб будани рисолати волидонро ба эътибор гирифта, бузургон ҳамчунин таъкид намудаанд, ки кӯдак мисли лой аст, падару модар аз хурдиаш чӣ гуна шакл гиронад, ҳамон тавр шах шуда мемонад. Чунин андешаҳоро аз як ҷониб ниёгони мо нисбати хуб тарбия намудани фарзандон баён дошта бошанд, аз ҷониби дигар ишора бар он намудаанд, ки падару модар агар аз таҳти дил ба таълим ва тарбияи фарзандашон эътибор диҳанд, мисли худашон ба камол расида, давомдиҳандаи кору пайкорашон мегардад.

Чунин андешаҳо решаҳои антиқавӣ дошта, дар хонадони мардумони машриқзамин аз насл ба насл мерос монда, то имрӯзҳо идома дорад. Вақти он расидааст, ки  мутахассисони илмии муосир фанни педагогикаи миллиро таҳия намуда, барои тарбия намудани ҷавонони солимақлу соҳибзавқ заминаи мусоид гузоранд.

Ҳоло ҳам дар хонадонҳои мо чунин андешаҳои солим дар бобати таълиму тарбияи насли ҷавон ба кор гирифта шавад ҳам, аз тарафи дигар густурдагии воситаҳои иттилоот, хусусан иттилооти аврупоӣ, мавҷудияти интернет, мавҷудияти каналҳои мухталифи телевизион, баҳсу мунозираҳои кишварҳои абарқудрат, намоишҳои ғайри қобили қабул ба падару модарон дар тарбияи ҷавонписарону духтарон мушкилоти назаррасро фароҳам меоварад. Ин таъсиррасониҳо баъзан чунон боис мегарданд, дар нахли умре, ки акнун намоён мешавад, яъне ҷавоне, ки акнун ба воя расида ба халқу Ватан, падару модари хеш хизмат намояд, зуҳуроти бегонапарастӣ, гаравидан ба асҳобу ҳаракатҳои бегона дар ӯ ба мушоҳида расида, падару модар, макони таҳсил ва аҳли коргоҳу ҷамъиятро ба ташвиш меорад.

Аз ин лиҳоз, на ҳар падару модар, ба хусус волидайни ҷавон таҷрибаи дар замони пуриттилоот ва таъсирпазириҳои бемаврид тарбия карда, хуб ба воя расонидани фарзандонро доранд. Ёдоварӣ кардан ба маврид аст, ки дар байни оилаҳои намоён шахсони рӯзгордида анъанаи хуби тоҷиконаи аҷдодӣ вуҷуд дошт, ки падару модар пас аз хӯроки шом як сӯҳбати тарбиявии сидқидилонае ороста, аз хонишу кору бор ё шуғли фарзандон пурсон шуда, дар ҳамин раванд ба фарзандон роҳи дурусти ҳаётро нишон медоданд, аз хонишу пешрафташ, аз баъзе норасоиҳояш огоҳ шуда, саривақт ӯро ислоҳ менамуданд. Ин амали хуби падару модар рафта-рафта натиҷаҳои дилхоҳ медоданду аз фарзандҳои тарбия намудаи хеш қаноатманд мегардиданд. Чунин аст, яке аз рукнҳои аҷдодии рисолати падару модар дар замони муосир, ки таҷрибаву натиҷаҳои муваффақонаи гузаштагони хешро омӯхта, бобати рисолати волидайнии хешро ҳамаҷиҳата ба сомон расонидан истифода барад.

 

Кенҷаев Ю.-и.в. мудири кафедраи забони тоҷикии ДДҲБСТ

You might also like