Намояндагони ВАО аз шароиту имкониятҳои муосири таълим дар ДДҲБСТ дидан карданд

07 феврали соли 2023 дар Маркази таҳқиқоти таҷрибаи давлатдории Пешвои миллат воқеъ дар бинои Маркази таҳсилоти рақамии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 таҳти рақами АП-1729, тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси вилояти Суғд нишасти матбуотии ректори донишгоҳ, д.и.и., профессор Муъмин Шарифзода оид ба фаъолияти донишгоҳ дар соли 2022 бо намояндагони беш аз 20 расонаҳои вилоятиву ҷумҳуривӣ баргузор гардид.
Нахуст, рӯзноманигорон аз синфхонаҳои барҳаво, толору марказҳои таълимӣ ва омӯзишиву амалии Маркази таҳсилоти рақамӣ, ки бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи ноябри соли 2022 мавриди истифода қарор гирифта буд, дидан намуданд.
Рӯзноманигорон зимни шиносоӣ ба шароиту имкониятҳои фароҳамгардида баҳои баланд доданд.
Дар оғози нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ Шарифзода М.М. ба аҳли қалам вобаста ба самтҳои фаъолияти донишгоҳ маълумот дод. Иброз гардид, ки соли 2022 зери таассуроти наҷибу нотакрор аз тантанаҳои бошукӯҳи ҷашни 30-солагии Иҷлосияи 16-умин Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба донишгоҳ соли неку хотирмон, таърихиву фаромӯшнашаванда ба ҳисоб меравад.
Иттилоъ дода шуд, ки ба раванди таълиму тарбияи донишҷўён дар донишгоҳ 341 нафар омӯзгорон, аз ҷумла 21 нафар доктори илм, 150 нафар номзади илм ҷалб гардиданд. Дар маҷмўъ, аз теъдоди умумии устодон 50,1% дорои дараҷаи илмӣ мебошанд. Дар соли 2022 ҳимояи 3 рисолаи докторӣ, 19 рисолаҳои номзадии устодони донишгоҳ ҳимоя намуда, 9 нафар соҳиби унвони илмии дотсенти гардиданд. Маврид ба зикр аст, ки дар соли 2023 25 нафар омӯзгорони донишгоҳ ҳимояи рисолаҳои докторӣ ва номзадиро ба нақша гирифтаанд.
Дар донишгоҳ ҷиҳати такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ машғулиятҳо дар 60 гурўҳи академӣ бо забони русӣ, 11 гурўҳи академӣ бо забони англисӣ ва 2 гурўҳи академӣ бо забони хитойӣ гузаронида мешавад.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби устодони донишгоҳ 1 нафар бо унвони фахрии “Корманди шоистаи Тоҷикистон”, 1 нафар бо Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 нафар бо Нишони сарисинагии “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, 7 нафар бо “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 12 нафар бо Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти вилояти Суғд, 6 нафар бо Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, 65 нафар бо Ифтихорномаи донишгоҳ қадршиносӣ гардиданд.
Давоми соли 2022 донишҷӯён донишгоҳ дар озмуну олимпидаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд, ки боиси ифтихори ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ мебошанд.
Бино ба маълумоти ректори донишгоҳ айни ҳол теъдоди гирандагони стипендияҳои номӣ: стипендияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – 1 нафар, стипендияи раиси вилояти Суғд-25 нафар, стипендияи раиси шаҳри Хуҷанд-4 нафар, стипендияи раёсати донишгоҳ-78 нафар донишҷўёнро ташкил медиҳад.
Давоми сол дар заминаи лоиҳаи озмоишгоҳи инноватсионии назди Парки технологии донишгоҳ зиёда аз 60 чорабинии таълимию фароғатӣ ба амсоли “Маҷмӯаҳои наврасон (Adolecent kits)” барои омӯзонидани навоварӣ бо дастгирии ЮНИСЕФ баргузор гардид.
Робитаҳои самаранок бо муассисаҳои кишварҳои хориҷӣ ба таҳким бахшидани иқтидори илмию таълимии донишгоҳ равона гардида, ҳамкорӣ бо барномаҳои Иттиҳоди Аврупо Темпус, Эразмус Мундус, Эразмус+ ва дигар барномаҳои грантӣ; бо Донишгоҳҳои Русия, Амрико, Финляндия, Япония, Ҳиндустон, Қазоқистон; Маркази Конфутсий ва дар доираи Донишгоҳи Созмони ҳамкории Шанхай ба роҳ монда шудааст. Соли 2022 бо мақсади рушди ҳамкориҳои илмии байналмилалии донишгоҳ шартномаҳои ҳамкорӣ бо 9 донишгоҳҳои бонуфузи хориҷи кишвар ба имзо расонида шуданд.Дар доираи бурсияи ҷудогардидаи магистратураи ДСҲШ 2 нафар магистрантон дар соли хониши 2021-2022 ба магистратураи Донишгоҳи Нархоз сафарбар карда шуданд.Дар давраи ҳисоботӣ бо истифода аз имкониятҳои муосири таълим дар донишгоҳ аввалин маротиба табодули лексияҳои устодон бо тариқи онлайн бо устодони донишгоҳҳои олии кишварҳои хориҷа ба роҳ монда шуд. Аз ҷумла, дар ин давра устодони донишгоҳамон барои донишҷӯёни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон 7 лексия хонданд ва донишҷӯёни донишгоҳ дар 5 лексияи устодон – иқтисодшиносонӣ Россия иштирок намуданд.
Давоми соли 2022 бо мақсади тадбиқи унсурҳои таркибии “Консепсияи миллии тарбия” тадбирҳои амалӣ андешида шуда, дар маҷмўъ 840 чорабиниҳои мухталиф ташкилу баргузор карда шуданд.
Дар ин давра фаъолияти маҳфилҳои тарбиявии “Пайравони Пешвои миллат”, дастаи созию овозии “Ошёни меҳр”, маҳфили “Стипендиантони назди раёсати донишгоҳ”, Шўрои донишҷўёни донишгоҳ, маҳфили хушдилон ва ҳозирҷавобон ва Дружиначиёни ихтиёрӣ, маҳфилҳои варзишӣ оид ба намудҳои шашка, шоҳмот, волейбол, тенниси рӯи мизӣ, фитнес ҷоннок карда шуд, илова намуд ректори донишгоҳ Шарифзода М.М.
Боиси ифтихор аст, ки дар соли 2022 донишҷӯёни мо аз қабили Абдумалик Абдуллоев дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба вазнабардорӣ сазовори ҷойи якум, Нодира Шаропова дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба кингбоксинг созовори ҷойи аввал, Шаҳбоз Ҳаитов дар чемпионати ҷаҳон аз рӯи намуди бокс сазовори ҷойи дуюм, Нигина Ботурова дар мусобиқаи ҷумҳурявӣ аз рӯи намуди варзиши сабук сазовори ҷойи якум, Довуд Махкамов дар мусобиқи байналмилалӣ аз рӯи намуди бокс сазовори ҷойи сеюм, Тоштемир Назаров дар мусобиқи ҷумҳуриявӣ аз рӯи намуди Ушу сазовори ҷойи аввал гардида, соҳиби медалу дипломҳо гардидани онҳо дастоварди беназири варзишии соли ҳисоботӣ арзёбӣ мегардад.
Раёсати донишгоҳ ҷиҳати ба ғамхории доимӣ фаро гирифтани донишҷўёни ниёзманд тадбирҳои амалӣ меандешад. Бахусус, 13 нафар донишҷўёни эҳтиёҷманд, ки дар шуъбаи рўзона ва фосилавӣ таҳсил менамоянд, аз пардохти маблағи таҳсил пурра озод карда шуда, дар арафаи иду айём бо кўмаки яквақтаи пулӣ таъмин карда мешаванд. Инчунин донишҷўёни ятим имконият доранд тариқи ройгон дилхоҳ вақт омада аз ошхонаи донишгоҳ хӯрокҳои серғизоро истеъмол намояд.
Ҳамзамон, раёсати донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки дар соли хониши 2023-2024 10 нафар довталабоне, ки донишггоҳи моро дар маркази миллии тестӣ интихоб намуда, бо холҳои баланд донишҷӯ гардидаанд онҳоро аз маблағи хониш озод намояд.Вобаста ба ҷалби довталабон дар донишгоҳ мунтазам корҳои тарғиботӣ ба роҳ монда шуда, баробари таҳия ва паҳн намудани роликҳову варақаҳои иттилоотӣ дар донишгоҳ ҳамасола баргузории интернет-олимпиадаҳо ва Рӯзи дарҳои кӯшод бо ҷалби зиёди хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумити вилояти Суғд ба роҳ монда шудааст.
Боиси ифтихор аст, ки дар раванди корҳои созандагӣ ва таҷлили ҷашни бошукӯҳи 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои Маркази таҳсилоти рақамии донишгоҳ, санаи 15 ноябри соли 2022 бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тамоми шароитҳои зарурии муосир ҷиҳати пешбурди раванди таълиму тарбия мавриди истифода қарор дода шуд, иброз кард роҳбари донишгоҳ.
Ҳоло бунёд ва азнавсозии иншооти сохтмонаш нотамоми маҷлисгоҳ барои 800 ҷои нишаст идома дошта, ҳамзамон, раёсати донишгоҳ сохтмони бинои истиқоматии баландошёнаро барои омӯзгорону кормандон, ки ҷиҳати оғози сохтмони он санаи 15 ноябри соли равон Пешвои муаззами миллат санги асос гузоштанд то ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифтааст.
Дар қисмати дуюми нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон ба ректори донишгоҳ доир ба базаи моддиву техникии донишгоҳ, фаъолияти Парки технологӣ, ҳамбастагии илм бо истеҳсолот, дастгирии донишҷӯёни ғолиб дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, бунёди бинои истиқоматӣ барои кормандону устодон ва хобгоҳ барои донишҷӯён, таваҷӯҳ ба забономӯзӣ ва ғайраҳо саволҳо пешниҳод намуда, посухҳои мушаххас гирифтанд.
Дар интиҳо ректори донишгоҳ Шарифзода М.М. қайд кард, ки соли 2023 барои ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ соли таърихист, зеро дар соли мазкур донишгоҳ 30 сола мегардад ва онро бо дастоварҳои арзанда қайд хоҳем кард. Дар ин замина ректори донишгоҳ рӯзноманигоронро барои ҳамкорӣ бо раёсати донишгоҳ даъват намуд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like