Ташрифи Сафири Фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ДДҲБСТ

Имрӯз, 4 июни соли 2024 бо сарварии Сафири Фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Донгсок гурӯҳи кории Сафоратхонаи Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: Ли Джисонг-консули Сафоратхонаи Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бэ Сангхи – мутахассиси Сафоратхонаи Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пак Сона таҷрибаомӯзи Сафоратхонаи Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар маросими кушодашавии расмии Гӯшаи Куриёӣ дар назди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ташриф оварданд.
Меҳмононро ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ Ҳошимзода Ҳомид ва муовинони ректору шахсони масъул пазироӣ карданд.
Дар вақти мулоқот ректори донишгоҳ меҳмононро хайрамақдам намуда, барои ташрифашон миннатдорӣ баён кард. Зимни мулоқоти судманд масъалаҳои рушди ҳамкориҳои тарафайн дар соҳаи макотиби олӣ, табодули академӣ, ҳамкорӣ дар самти рушди илм ва инноватсия баррасӣ гардиданд.
Меҳмонони олиқадр дар маросими кушодашавии расмии Гӯшаи Куриёӣ дар назди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар оғоз ректори донишгоҳ Ҳошимзода Ҳ.Ҳ. ва сафири Фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Квон Донгсок ифтитоҳи гӯшаи мазкурро ҷиҳати рушди ҳамкориҳо муфид маънидод карданд.
Сипас, иштирокчиён аз синфхонаҳо дидан намуда, бо донишҷӯёни Гӯша суҳбат карданд.
Бояд қайд намуд, ки Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон барои рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ чораҳои амалӣ андешида, ҳамкориҳояшро бо муассисаҳои илмиву марказҳои омӯзишии Ҷумҳурии Корея густариш медиҳад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like