Шарҳу тавзеҳи мафҳуми «терроризм»
Терроризм – аз калимаи лотинӣ terror сарчашма гирифта, мазмуни даҳшат, ваҳм, воҳима, хавф, офат, тарс, ҳарос, таҳдид карданро дорад.
Терроризм, террорист, фаъолияти террористӣ мафҳумҳоеанд, ки ҳамарӯза тавассути васоити ахбори умум пахш мегарданд.
Мафҳуми терроризм яке аз масоили мушкилу ҳалталаб дар таҳқиқи илми ҳуқуқ ва дар таҷрибаи мубориза зидди ҷинояткорӣ дониста мешавад. Аз рӯи ҳисоби муаллифони гуногун зиёда аз 200 шарҳи мафҳуми терроризм мавҷуд мебошад, ки то имрўз мафҳуми ягонаи он таълиф нашудааст.
Чунин мафҳуми терроризм аз як тараф бо мураккабии худи ин ҳодиса ва аз тарафи дигар бо омилҳое, ки дар арсаи байналмиллалӣ ва ҳамчунин дар сатҳи давлатӣ хусусияти субъективӣ доранд, муайян мегардад.
Дар бораи мафҳуми терроризм олимони тоҷик ва рус ақидаҳои худро иброз доштанд.
Олими рус Ожегов С. И. мафҳуми терроризмро чунин маънидод кардааст: «Терроризм бо роҳи ба миён овардани фазои тарсу таҳлука ифода гардида, аломати мазкур зоҳиршавии моҳияти терроризмро нишон медиҳад, на мақсади ниҳоии онро. Дар чунин муҳити бамиёномадаи тарсу ҳарос террористон мекӯшанд ба мақсади ниҳоии худ на танҳо аз ҳисоби кӯшишу фаъолияти худ, балки аз ҳисоби амалиёти дигар шахсоне, ки таъсири тарсу ҳарос ба онҳо равона карда шудааст, бирасанд. Бинобар ин терроризм аз дигар ҷиноятҳо бо он фарқ мекунад, ки дар он тарси навъи махсус, тарс «фалаҷсозанда» не, балки «сафарбаркунанда» ва махсусан ба рафтори интихобкардаи ҷинояткорон созгор, истифода мешавад».
Келин С. Г. мафҳуми терроризмро чунин шарҳ додааст: «Терроризм ин амалҳое мебошанд, ки ҳамеша мақсади худнамоишдиҳӣ ва нияти дар байни мардум ва дар сатҳи ҳукумат ба зуҳур овардани тарс бо мақсади соҳиб шудан ба ягон вазифаи давлатӣ ва таҳдид намудан ба роҳбарони давлатро доранд».
Доктори илмҳои ҳуқуқ Холиқов А. Г. оиди мафҳуми терроризм чунин навиштааст: «Терроризм – кирдор ва ё таҳдид ба иҷрои кирдоре, ки дорои хавфи оммавӣ буда, ба таври ошкоро содир мешавад ва барои ба тарсу таҳлука овардани аҳолӣ ё қисме аз он равона карда шуда, бо ҳамин роҳ ба таври бевосита ва ё бавосита барои қабул намудани қарор, ҳамчунин даст кашидан аз қарори қабулшуда, ки ба манфиати террористон аст, ба давлат, ташкилоти байналмиллалӣ, шахсони алоҳида ва шахсони ҳуқуқӣ фишор оварда мешавад».
Доктори илмҳои таърих И. Усмонов мафҳуми терроризмро чунин шарҳ додааст: «Терроризм ин ҳаракати ғайриқонунӣ буда, аз ҷониби шахс ба гурӯҳи одамон сардорӣ карда шуда, бо роҳи таҳдид, зӯроварӣ, расонидани зарари ҷисмонӣ, сӯиқасд ба ҳаёти роҳбарони давлат, ноором сохтани вазъияти ин ё он давлат амалӣ мегардад».
Ба ақидаи олими шинохтаи тоҷик Д. Назриев, ки оид ба проблемаҳои мубориза бар зидди терроризм машғул аст, мафҳуми терроризмро чунин баён кардааст: «Терроризм дар Тоҷикистон дар нақшаи муборизавӣ байни қавмҳо ба вуҷуд омада, инкишоф ёфтааст».
Мафҳуми терроризм дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шудааст.
Тибқи моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» терроризм – яъне зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони воқеӣ, маҷбур кардан ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони ҳуқуқӣ, ҳамчунин нобуд сохтан (зарар расонидан) ё таҳдиди нобуд сохтани (зарар расонидан) ба амвол ё дигар объектҳои моддии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки боиси хавфи ҳалокати одамон, расонидани зарари басо ҷиддӣ ба амвол ё ба миён омадани оқибатҳои барои ҷамъият хавфнок, ки бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарор барои террористон мақбул ё қаноатбахш намудани манфиатҳои ғайриҳуқуқии амволӣ ва ё дигар манфиати онҳо, инчунин таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё амниятӣ бо мақсади суст кардани асосҳои сохти конститутсионӣ ё амнияти давлат, ҳамчунин бо мақсади қатъ гардидани фаъолияти давлатӣ ё дигар фаъолияти сиёсӣ ё содир намудани чунин кирдор бинобар интиқом барои чунин фаъолият, инчунин сӯиқасд ба ҳаёт, расонидани зарари ҷисмонӣ ба ходими давлатӣ ё намояндаи ҳокимият, вобаста ба фаъолияти давлатӣ ё ҷамъиятии онҳо, бо мақсади ноором сохтани вазъият ё расонидани таъсир ҷиҳати қабули қарор аз тарафи мақомоти давлатӣ ё монеъ шудан ба фаъолияти сиёсӣ ё ҷамъиятӣ, инчунин ҳамла ба намояндаи давлати хориҷӣ ё кормандони ташкилоти байналхалқии таҳти ҳимояи байналмиллалӣ қарордошта ё аъзои оилаи бо ӯ истиқоматкунанда, инчунин ба биноҳои хизматӣ ё истиқоматӣ ё воситаи нақлиёти ашхосе, ки таҳти ҳимояи байналмиллалӣ қарор доранд, агар ин ҳаракатҳо бо мақсади барангехтани ҷанг ё мураккаб сохтани муносибатҳои байналмиллалӣ содиршуда бошанд, мебошад.
Ба ғайр аз мафҳуми терроризм дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» дигар мафҳумҳои вобаста ба терроризм муқаррар гардидааст, ба монанди:
– амволи террористӣ – бевосита содир намудани ҷинояти дорои хусусияти террористӣ дар шакли таркиш, оташзанӣ, истифода ё таҳдиди истифодаи воситаҳои таркандаи ядроӣ, моддаҳои радиактивӣ, химиявӣ, биологӣ, тарканда, токсикӣ, заҳрнок, сахттаъсир, заҳролуд; нобуд сохтан, зарар расонидан ё забт кардани воситаҳои нақлиёт ва дигар объектҳо; сӯиқасд ба ҳаёти ходими давлатӣ ё ҷамъиятӣ, намояндаи миллӣ, этникӣ, динӣ ё дигар гурӯҳҳои аҳолӣ, гаравгонгирӣ, дуздии одам; ба вуҷуд овардани хатари расонидани зарар ба ҳаёт, саломатӣ ва ё амволи шахсони доираи номуайян тавассути ташкили шароит барои садама ва фалокатҳои дорои хусусияти техногенӣ ё таҳдиди воқеии ташкили чунин хатар; паҳн намудани таҳдид дар ҳар гуна шакл ва тавассути ҳар гуна воситаҳо; содир намудани дигар амалҳое, ки боиси хавфи ҳалокати одамонро дорад; расонидани зарари басо ҷиддӣ ба амвол ё ба вуҷуд омадани дигар оқибатҳои барои ҷамъият вазнин;
– ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ – ҷиноятҳое, ки дар моддаҳои 179-182; 185; 310; 405 яъне терроризм, ҷалб кардан барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористӣ дошта ё мусоидати дигар барои содир намудани онҳо, иттилооти баръало бардурӯғ нисбат ба кирдори террористӣ, ғасби гаравгон, ғасби бино, иншоот, воситаҳои иттилоот ва алоқа, ташкили воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, таҷовуз ба ҳаёти арбобони давлат ва муассисаҳои давлатӣ, ки дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд;
-террорист – шахсе, ки дар анҷом додани фаъолияти террористӣ дар ҳама гуна шакл иштирок менамояд;
-гурӯҳи террористӣ-шахсоне, ки барои содир намудани фаъолияти террористӣ муттаҳид шудаанд;
-ташкилоти террористӣ – ташкилоте, ки барои содир намудани фаъолияти террористӣ таъсис дода шудааст ё дар фаъолияти худ имконияти истифодаи терроризмро эътироф менамояд. Ташкилот – террористӣ ба ҳисоб меравад, агар аққалан яке аз ҷузъу томҳои дохилии ташкилот ё бо огоҳии аққалан яке аз мақомоти роҳбарикунандаи он фаъолияти террористиро анҷом медиҳад;
-мубориза бар зидди терроризм – фаъолият оиди ошкор, пешбинӣ ва қатъ намудан, то ҳадди камтарин расонидани оқибати фаъолияти террористӣ;
-амалиёти зидди террористӣ – чораҳои махсус, ки барои пешгирии амали террористӣ, таъмини амнияти шахсони воқеӣ, безарар гардонидани террористон, инчунин то ҳадди камтарин расонидани оқибати фаъолияти террористӣ анҷом дода мешаванд;
-минтақаи гузаронидани амлиёти зидди террористӣ – қитъаҳои алоҳидаи маҳал, воситаҳои нақлиёт, бино, иморат, иншоот, хона ва қаламрави дар атрофи онҳо, ки дар ҳудудашон амалиёти мазкур гузаронида мешавад;
– гаравгон – шахси воқеӣ, ки бо мақсади маҷбур кардани давлат, ташкилот ё шахсони алоҳида барои содир намудани ин ё он ҳаракат ё худдорӣ намудан аз содир намудани ин ё он ҳаракат ҳамчун шарти озод намудан дастгир ё боздошта шудааст.
Ҳамаҷониба маънидод намудани мафҳумҳои террорист, гурӯҳи террористӣ, ташкилоти террористӣ, амалиёти зидди террористӣ, минтақаи гузаронидани амалиёти зидди террористӣ ва гаравгон, кормандони ҳифзи ҳуқуқро, ки бар зидди терроризм мубориза мебаранд, водор менамоянд, ки дар вақти тафтишоти пешакӣ ва мурофиаи судӣ ҳаракати террористӣ аз рӯи қонун дуруст банду баст карда шавад.
Мувофиқи моддаи 179-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «терроризм» – яъне содир намудани таркиш, сӯхтор, тирпарронӣ аз яроқи оташфишон ё дигар кирдоре, ки боиси хавфи марги одамон, расонидани зарари ҷиддӣ ба амвол ё ба миён омадани оқибатҳои дигари ба ҷамъият хавфнок мегардад, агар ин кирдор бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарор содир шавад, инчунин таҳдиди анҷом додани кирдорҳои зикршуда бо ҳамин мақсадҳо.
Каримова М.М. – муаллимаи калони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминалистикаи факултети ҳуқуқшиносии ДДҲБСТ