ДДҲБСТ: Шарҳи Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон-Ватани азизи ман»

04 феврали соли 2023 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш ҷиҳати шарҳи Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ва «Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» баргузор гардид. Дар ҳамоиш раёсати донишгоҳ, садорати факултетҳо, мудирони кафедраву кормандон ва устодону донишгҷӯёни донишгоҳ ширкат намуданд.

Ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода ҳамоишро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки рушди ҳар як кишвар ба низоми илму маориф ва сатҳи саводнокии ҷомеаи он робитаи ногусастанӣ дорад. Маҳз, сатҳи дониш ва саводнокии аҳли ҷомеа пояндагии ҳар як давлату миллатро дар саҳифаҳои таърихи инсоният ҳифз менамояд. Дар ин росто, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рўзҳои нахустини давлатдории миллӣ дар баробари таъмини сулҳу субот ва амнияти ҷомеа ба рушди соҳаи илму маориф таваҷҷӯҳи хосса зоҳир менамоянд.Маҳз бо ҳамин мақсад, тӯли чанд соли охир баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ва «Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» бо ташаббуси бевосита ва сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шудааст. 

Боиси қаноатмандист, ки сол аз сол таваҷҷӯҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар сатҳи баланд ва бо ҷалби доираи васеи аҳолӣ баргузор намудани озмунҳои мазкур таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир гардида истодааст. Маврид ба зикр аст, ки дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон низ ҳамасола даври донишгоҳии озмунҳои мазкур дар сатҳи баланд ташкилу  баргузор карда шуда, ба он доираи васеи устодону донишҷӯёни донишгоҳ фаро гирифта мешаванд. Дар натиҷа ғолибон бо мукофотҳои пуливу молӣ сарфароз гардонида шуда, истеъдодҳои нав дарёфт мегарданд, иброз дошт роҳбари донишгоҳ Шарифзода М.М. дар идома. 

Роҳбари донишгоҳ аз роҳбарони гуруҳҳо, мудирони кафедраҳо ва деканони факултет ва масъулини раёсати донишгоҳ даъват ба амал овард, ки боз ҳам ҷизати ҷалби бештари иштирокчиён ва ҳавасмандгардонии донишҷӯён ҷиҳати иштирок дар озмунҳои мазкур тадбирандешӣ намоянд.

Чанде аз устодон ва донишҷӯён низ фикру андешаҳояшонро ҷиҳати баргузории озмунҳои мазкур баён доштанд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like