Иғвои навбатии Муҳаммадиқболи Садриддин

Дар давраи ҷаҳонишавӣ, ки тамоми дунёро маълумотҳои электронӣ фаро гирифта шуда, маълумотҳои мазкур аввал ва охир надоранд. Яъне ҳар як нафаре, ки мехоҳад, метавонад имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба воситаи кушодани шабакаҳои худ фикру ақидаи худро баён намояд. То андозае ин кор барои баъзе нафарон як манбаи даромад низ шудааст. Ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ нафароне ҳастанд, ки мардумро ба роҳи дуруст ва ё баръакс ба гумроҳӣ бурда истодаанд.

Аъзоён ҳизби террористии наҳзати ислом, аз он ҷумла Кабирӣ, Муҳаммадиқболӣ Садриддин, Шарофиддин Гадоев ва дигарон, ки барои хоинӣ ва анҷом додани фаъолияти террористӣ аз Тоҷикистон гуреза гашта, дар давлатҳои хориҷӣ паноҳ гирифтаанд мехоҳанд бо ҳар роҳу восита, мардуми Тоҷикистонро ба гумроҳӣ бурда, ватанро ба доми ҷанг кашанд.

Муҳаммадиқболӣ Садриддин дар шабакаи иҷтимоии ютуб баромад намуда, боз аз сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон норозигӣ баён намуда истодааст, ки гувоҳии дар ҳақиқат фурӯхтаи хоҷагони худ гашта ӯ, хостгори дар Тоҷикистон оғоз намудани ҷангро дорад. Зеро дар ҳар як ҷумлаи худ ин хоинони миллат иброз медоранд, ки бояд инқилоб кард, ба митинг баромад, зидди давлат баромадан лозим, мардум бархезед… ва ғайра. Ин гувоҳи он аст, ки ин хоинони миллат мехоҳанд танҳо дар Тоҷикистон бетартибиҳо ва ҷангро оғоз намоянд ва бо роҳи ғайриконститутсионӣ ҳокимиятро ғасб намоянд. Барои оғози бетартибиҳо ва ҷанг онҳо як асосҳо ва сабабҳоро меоранд, ки барои чунин асос ва сабаб бетартибиҳо ва ҷангро оғоз намудан ин як ахмақгарӣ асту халос, яъне онҳо кӯшиш доранд то барои кайк пӯстинро сӯзонанд.

Барои мисол, дар баромади худ М.Садриддин қайд менамояд, ки барои чӣ солҳои пеш муносибат бо Ӯзбекистон хуб набуд вале акнун хуб гашт. Ба гуфти ӯ назар ба Тоҷикистон Ӯзбекистон дар ин муносибатҳо манфиати бештаре дорад.

Вале, мо шоҳиди он гардида истодааем, ки хуб гардидани муносибатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро халқҳои ҳар ду ҷониб бо хурсандӣ пазироӣ намуда, иброз доштанд, ки кушода шудани роҳҳо ва барқарор гардидани рафту омади озод байни ин давлатҳо орзуи қариб ду даҳсолаи сокинон буд.

Доир ба назар ба солҳои пешин хеле хуб гардидани муносибати Тоҷикистон бо Ӯзбекистон бошад маврид ба зикр аст, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолии кишварамон барқарор шуда буд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти пайвандҳои чандинасраи муштарак ва робитаҳои таърихии мардумони ду кишвари ҳамсоя, барои боз ҳам таҳкими бештари ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дорад.

Маврид ба зикр аст, ки дар сиёсати бо дигар давлатҳо муносибати хуб ва ё бад доштан ин ҳамчун муносибати зану шавҳари намебошад, ки як умра бошад. Албатта ҳаёт, ки худ мубориза мебошад, дар сиёсат низ рақобатҳо ҳастанд ва вобаста ба он муносибатҳо низ дар вақти худ хуб ва ё бад мегарданд.

Хулоса карда гуфтан мумкин аст, ки хоинони миллат бо ҳар роҳу восита мехоҳанд бо суханҳои бардурӯғ ва беасос обрӯи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ паст намояд ва мардумро ба митинг ва шӯриш даъват намуда, боз дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандиро оғоз намоянд.

Зеро ба Кабирӣ, М. Садриддин, Ш.Гадоев ва ҳаммаслакони онҳо танҳо майдони ҷанг лозим аст, ки хоҷагони онҳо бе мамоният ба корҳои ғайриқонунии худ аз он ҷумла ба савдои одамон, яроқ ва маводи мухаддир озодона машғул гарданд. Онҳо дигар ягон мақсад надоранд.

Айни замон, ки тамоми дунёро беморӣ фаро гирифтаасту, ҳамагон аз паси раҳои ёфтан аз ин вабои аср мебошанд, ин ноинсофҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намуда, мехоҳанд мардумро бо суханҳои бардурӯғ ба гумроҳӣ баранд.

Аз ин лиҳоз, мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин рӯзҳо, ки тамоми дунёро аз як тараф беморӣ ва аз тарафи дигар ҷангҳои иттилоотӣ фаро гирифтааст бояд ҳушёриро аз даст надиҳем. Аз шабакаҳои иҷтимоӣ ҳангоми истифода бурдан бояд ҳушёр бошем, ба суханҳои ин гуна хоинон бовар накунем.

Дар Ватани азизамон, ки имрӯзҳо новобаста аз буҳрони ҷаҳонӣ вазъият тинҷу ором ва сериву пуррӣ мебошад бояд инро нигоҳ дорем. Барои амалӣ намудани дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллатамон аз тамоми имконияҳо истифода барем ва чун ҳарвақта дар паҳлуи Сарвари давлатамон муттаҳид гашта, танҳо дар фикри ободии Ватан, нигоҳ доштани фазои сулҳу субот дар он бошем.

Латипов С.ассистенти кафедраи ҳуқуқи конститутсиони ДДҲБСТ

You might also like