Иштирок дар ҷаласаи онлайнии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳим Саидзода

Нимаи дуюми рӯзи 31 январи соли 2023 ҷаласаи онлайнии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳим Саидзода бо роҳбарони муассисаҳои касбии олии мамлакат баргузор гардид. Дар ҷаласаи маҷозӣ раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, деканони факултетҳо ва мудирони кафедраҳо дар толори инноватсионии Маркази таҳсилоти рақамии донишгоҳ ширкат намуданд.

Рӯзномаи ҷаласа аз ҳашт мавзӯъ-пешгирӣ ва роҳ надодан ба амалҳои коррупсионӣ байни омӯзгорон ва кормандони муассисаҳои  таҳсилоти олии касбӣ, муқовимат ва чораҳои пешгирӣ бо терроризм ва экстремизм байни донишҷӯён ва ҳайъати омӯзгорону кормандони муассисаҳои  таҳсилоти олии касбӣ, тарбияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва арзишҳои миллӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои  таҳсилоти олии касбӣ, таъмин намудани иҷрои нақшаи қабули довталабон дар муассисаҳои  таҳсилоти олии касбӣ, таҳкими заминаи моддиву техникӣ ва кадрии муассисаҳои  таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла муассисаҳое, ки аз рӯи равияҳои омӯзгорӣ ва техникӣ мутахассис омода менамояд, омода кардани омӯзгорон дар муассисаҳои  таҳсилоти олии касбӣ, аз байн бурдани норасогии омӯзгорони дорои дараҷа ва унвони илмидошта дар муассисаҳои  таҳсилоти олии касбӣ, шӯроҳои диссертатсионӣ ва ҷалби грантҳо, лоиҳаҳои инноватсионӣ ва табодули донишҷӯён дар муассисаҳои  таҳсилоти олии касбӣ иборат буд ва мавриди таҳлилу баррасӣ қароргирифт.

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз иштирокчиёни ҷаласа даъват ба амал овард, ки ҷиҳати ҳалли масъалаҳои дар рӯзномаи ҷаласа дарҷ гардида ва бартараф намудани камбудиҳо корбариро пурзӯр намоянд.

Пас аз анҷоми ҷаласаи онлайнии Вазири маориф ва илми кишвар ректори донишгоҳ Шарифзода М.М. масъулини донишгоҳро вазифадор намуд, ки ҷиҳати корбарии саривақтии дастуру супоришҳои дар ҷаласа баёнгардида, чораҳои таъхирнопазир андешанд.

 

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like