ДДҲБСТ: Баргузории даври аввали озмуни ҷумҳурияии «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат»

25 январи соли 2023 дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон даври аввали озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» баргузор гардид. Дар озмуни мазкур беш аз 100 нафар донишҷӯёни факултети мазкур иштирок карданд. Ҳайъати ҳакамон иборат аз устодони пуртаҷриба донишгоҳ интихоб гардида бадонишу малакаи иштирокчиён баҳогузорӣ карданд.
Тавре маълум аст 7 июли соли 2022, амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди эълони озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» ба тасвиб расид. Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллати тоҷик дар тули таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва ба ин васила, шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст, ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 доир мегардад.
Даври аввали озмуни мазкур дар байни ҳамаи факултетҳои донишгоҳ гузаронида шуда, ғолибон ба даври донишгоҳӣ роҳхат мегиранд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like