Ғолибияти донишҷӯёни донишгоҳ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ

Донишҷӯи соли сеюми  Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Ҷовидхон Алихонов  дар

мусобиқаи кушоди байналмилаллӣ оид ба намуди Чит Кун До , ки  санаи 16-18 декабри соли 2022 дар шахри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир гардид ба гирифтани ҷойи аввал комёб шуд.

Ҳамчунин, Шаҳбоз Ҳаитов донишҷӯи курси 3-юми  донишгоҳ дар мусобиқаи Қаҳрамонии Осиё оид ба бокс, дар вазни (-80 кг) миёни ҷавонони то 22 сола, ки дар кишвари Таиланд  баргузор гардид, сазовори ҷойи сеюм гардид.

Ғолибони мусобиқаҳо бо диплом ва медалҳо қадршиносӣ гардиданд. Ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ ғолибонро бо пирӯзӣ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ шодбош намуда, барои муваффақиятҳои дигар барору комёбӣ орзу менамояд.

 

 

 

You might also like