РЕШАКАН НАМУДАНИ ТЕРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

“Таъмини сулҳ, субот ва амнияти устувори кишварҳо яке аз омилҳои асосӣ ва муҳимтарин шарти таъсис ва пешбурди раванди созанда барои рушди устувор дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад.”

Эмомалӣ Рахмон

Яке аз зуҳуроти номатлуби ҷаҳонӣ экстремизм ва терроризм ба шумор меравад. Ин падидаҳои номатлуб дар аввали асри ХХI хислати ҷаҳонӣ касб карда, на танҳо барои кишварҳои алоҳида ё минтақаҳои муайян, балки хатари умумиинсониро дар сайёра ба бор овардааст. Экстремизм ва терроризм ҳамчун зуҳуроти мураккаби сиёсию иҷтимоӣ дар ҳар давру замон ба ҳар давлату сохтори иҷтимоӣ зиёну зарари худро расонидааст.

Ҳизбу ҳаракатҳои гумроҳи такфирӣ ва ғайримукаллидони ифротӣ аз касбомўзиву камдонишӣ (алалхусус донишҳои динӣ), надоштани ҷаҳонбинии илмӣ ва динӣ, бо истифода аз шабакаҳои иттилоотӣ (интернет), нодида гирифтани самараи истиқлолият, сулҳу субот ва ормии ҷомеа, бепарвоӣ ва бетарафии бархе аз аъзои ҷомеа алалхусус ҷавонон истифода намуда, дар байни онҳо тарғибу ташвиқот бурда, мақсадҳои ғаразноки худро пиёда месозанд.

Бо истифода аз омилҳои номатлуб шахсони нохалаф аз рафторҳои ноҷавонмардонаи худ шарм накарда, арзишҳои олии давлату миллатро нодида гирифта, тавассути роҳҳо ва василаҳои гуногун ҷиҳати барангехтани тухми низоъ дар миёни марду, давъат ва нооромӣ, бенизомию бетартибӣ, дигаркунии сохти конститутсионии давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, кинаю адоват, нафрату бадбинии иҷтимоӣ, мазҳабӣ ва таҳдид ба суботу оромии ҷамъияту давлат, тавассути шабакаҳои локалӣ, паҳн намудани варақаҳои таблиғотӣ, дастгирию кўмакҳои моддӣ, фаро гирифтани ҷавонон ба таҳсили ройгон ё аз ҳисоби худ фиристодан барои таҳсил ба давлатҳои дигар ва ҳазорҳо тарзу усулҳои дигар ақидаҳои ғаразноки худро тарғибу ташвиқ менамоянд.

Хулоса, барои комилан несту нобуд сохтани идеологияи иртиҷойии бемазҳабони гумроҳи такфирӣ ва ғайримукаллидони ифротӣ тамоми қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла олимону донишмандон, муаллимону дигар зиёиёни кишвар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин уламои исломӣ суннати кишвар бояд фаъол бошанд.

Бедории миллӣ ва худшиносии мазҳаби беҳтарин зарбаи сангин ва миёншикан дар камари ҳаракатҳои экстремистӣ мебошад.

 

Қўзибоева Б. М. -дотсенти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии ДДҲБСТ

You might also like