Устоди ДДҲБСТ ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Маърифати экологӣ» гардид

Дотсенти кафедраи ҳуқуқи гражданӣ ва меҳнати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Ғолибҷон Санавваров дар озмуни ҷумҳуриявии матолиби беҳтарин дар мавзӯи «Маърифати экологӣ» иштирок намуда, барои силсилаи мақолаҳо дар мавзӯи асосҳои бунёдии баланд бардоштани шуур ва маърифати экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гирифтани мақоми  ифтихорӣ шарафёб шуд.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади  мусоидат ба ҳалли масъалаҳои экологӣ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмунҳои ҷумҳуриявии матолиби беҳтарин дар мавзӯҳои «Маърифати экологӣ» ва «Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим»-ро дар соли 2022 эълон намуда буд.

Ҷиҳати иштирок дар озмуни мазкур ва ғолибият ба устоди ДДҲБСТ Ғолибҷон Санавваров Диплом ва мукофот тақдим карда шуд.

Ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ ҷиҳати пирӯзӣ дар ин озмуни сатҳи баланд  Санавваров Ғолибҷонро табрику муборакбод намуда, барои фаъолияти минбаъдаи  илмиву таълимӣ барору муваффақиятҳо орзу менамояд.

You might also like