Ҳифзи арзишҳои миллӣ
Мо, тоҷикон, дар таърихи худ ба касе душманӣ надоштему ҷангҷӯ набудем. Дар фарҳанги мо, дар ҳофизаи таърихи мо афкоре аз ҷангу низоъ набуд, нест ва нахоҳад буд. Лекин агар душман ба сари мо ояд, таслим нахоҳем шуд. Ҳар як қитъаи замини Ватанамонро ҳамчун Шерак, Спитамену Темурмалик ҳифз мекунем.
Баъди ба эътидол омадани вазъи сиёсиву ҳарбӣ дар ватани мо рушди босуботи кишвар дар шоҳроҳи демократкунонии ҷомеа ва ваҳдати миллӣ маҳз бо заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуда истодаанд.
Тоҷикистони азизи мо ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеи ҷаҳонӣ аз таъсири мусбат ва манфии раванди чаҳонишавӣ эмин монда наметавонад. Аз ин рӯ, Пешвои миллат ба ин масъала диққати хеле ҷиддӣ медиҳад.
Яке аз ҷузъҳои муҳими истиқлолиятро таҳкими истиқлолияти иқтисодӣ метавон номид. Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ низоми ягонаи иқтисодии кишвар аз байн рафт ва мушкилиҳои зиёди иқтисодиву иҷтимоиро барои Тоҷикистони тозаистиқлол ба бор овард. Чунин мушкилиҳо тамоми соҳаҳои иқтисодии кишвар, хусусан соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёт, кишоварзӣ ва ғайраро фаро гирифта буданд. Баъд аз он ки дар кишвар сулҳу субот пойдор гардид, дар назди Ҳукумати Тоҷикистон масъалаи таъмини рушди устувори иқтисодии кишвар ба миён омад. Бинобар ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои инкишофи минбаъдаи кишвар се ҳадафи стратегии таъмини рушди босуботи иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқавориро муайян намуд.
Аз ин рӯ, Пешвои миллат борҳо таъкид намудааст, ки рушди мунтазами иқтисодиёти кишвар бе истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини пурраи ҳамаи соҳаҳо бо неруи барқ ғайриимкон аст. То имрӯз бевосита бо ташаббуси Пешвои миллат чандин лоиҳаи бузурги иқтисодӣ дар Тоҷикистон амалӣ шуда, шоҳсутуни истиқлолияти иқтисодӣ шуда истодаанд.
Дар давраи ҷаҳонишавӣ масъалаи ҳифзи фарҳанги миллӣ низ ба миён меояд. Қобили зикр аст, ки бо ибтикори Пешвои миллат ташаккули фарҳанги замони истиқлолият дар заминаи фарҳанги ахлоқӣ ва ҳаёти маънавии халқи тоҷик дар рӯҳияи сулҳпарварӣ ва таҳаммулгароӣ асос ёфта истодааст. Дар муқобили идеяҳои таҳмилшудаи хориҷӣ, ки ҳадафашон аз сар задани низои миллӣ ва мазҳабӣ иборат аст, фарҳанги миллии мо бо ҷалби қувваҳои фарҳангии дунявӣ ба сӯйи ризоият ва ваҳдати миллӣ қадам мезанад.
Имрӯз мақсади ягонаи халқи тоҷик бунёди ҷомеаи демократӣ ва барпо намудани давлати ҳуқуқбунёди дунявӣ мебошад. Барпо намудани давлати ҳуқуқбунёди дунявӣ имкон медиҳад, ки дар ҳудуди он ҳар як шаҳрванд нафаси озод кашида тавонад, баробарҳуқуқии ҳар як узви ҷамъият, озодии ҳақиқии виҷдон, сухан таъмин бошад, барои баландшавии дараҷаи зисту зиндагии мардум шароити зарурӣ фароҳам оварда шавад. Давлати дунявӣ сохтори сиёсие мебошад, ки дар он дин аз сиёсат ҷудо карда шудааст. Дар давлати дунявӣ муносибатҳои ҷамъиятӣ на дар асоси меъёрҳои динӣ, балки дар асоси меъёрҳои шаҳрвандӣ танзим мегарданд.
Хизматҳои шоёни муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди тағйироти нави бунёдкориву созандагӣ, аз ҷумла бунёди неругоҳҳои барқӣ, кушодану васли роҳу нақбҳо, бедору ғанӣ гардонидани ифтихори миллӣ, вусъат бахшидан ба вазъи таълиму тарбия ва тандурустӣ ҷойгоҳи махсус дорад. Дар баробари ин Президенти кишвар дар иншои асарҳои гуногуни таърихиву фарҳангии миллат ва зиндаву ҷовид гардонидани чеҳраҳои мондагори илмию адабӣ, қаҳрамонони миллат ва сарнавишти мардуми тоҷик ҳусни тафоҳум бахшида, бо пешниҳоду ташаббусҳои байналмилалӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ мақоми хосса дорад, ки ин маҳбубият на танҳо боиси боварию эътиқоди мардуми Тоҷикистон, балки ифтихори тамоми тоҷикони ҷаҳон аст.
Мактаби сарварии Пешвои миллат таълимгоҳест, ки дар марҳилаи бисёр мураккабу пуртазод ташаккул ёфта, мавқеи созандагиву бунёдкорӣ касб намудааст. Ин мактаби сиёсӣ дорои хусусиятҳои универсалӣ мебошад, ки ҳокимият ва муносибатҳои он аз ҷониби ин ниҳоди сиёсӣ бо риояи принсипҳои демократӣ амалӣ гашта, манфиати давлату миллат аз ҳама боло гузошта мешавад.
Ҳамин тавр Президенти кишвар танзими хавфу хатар ва таҳдидҳои нави ҷаҳониро ба назар гирифта, таъмини суботи сиёсиро вазифаи аввалиндараҷаи худ шуморид ва тамоми ҳастии худро ба пешравии миллату давлат бахшид. Ин аст, ки мавқеъ ва нуфузи ниҳоди сарварии Пешвои миллат имрӯз дар арсаи байналмилалӣ эътироф гашта, аз ҷониби Кумитаи академикии Шӯрои Аврупо Президенти мамлакат – Эмомалӣ Раҳмон сазовори Ҷоизаи «Пешвои асри ХХI» гардидааст.
Ба назари мо чунин муносибат аз бисёр ҷиҳат ба нуфузу эътибори шахсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагӣ дошт. Ӯ чун шахсияте шинохта мешавад, ки мардум ба ӯ ҳамчун фарзанди фарзонаи миллат эҳтирому эътиқоди самимӣ доранд. Ҳамзамон боварӣ доранд, ки ӯ аз уҳдаи ҳалли тамоми масъалаҳое, ки имрӯз ҷомеа ба онҳо рӯ ба рӯ гаштааст, баромада метавонад.
Султонова А.Ҷ. – муаллимаи калони кафедраи фанҳои ҷамъиятии ДДҲБСТ