Риоя ва эҳтироми қонуният вазифаи мост
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон волоияти арзишҳо, манфиат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд ин аз мазмуни моддаҳои 1 ва 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки мувофиқи он Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам месозад. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф ва ҳифз менамояд. Бо ин конститутсия ба сифати арзишҳои олитарин арзишҳои зикршударо мустаҳкам кардааст, зеро дар ҷамъият аз арзишҳои инсонӣ болотар дигар арзиш шуда наметавонад. Ҳатто ин принсипро чун ғояи асосӣ дигар афкорҳои сиёсию динӣ, аз ҷумла дини ислом эътироф мекунад. Давлат дар назди шаҳрвандон ўҳдадор шудааст ва метавонад, ки ин арзишҳо ва ҳуқуқҳоро кафолат диҳад ва ҳимояи онҳоро таъмин менамояд.
Ҳамчун заминаи мустаҳками таъмини якхела, бемайлон дуруст иҷро намудани қонунҳои ҷумҳуриро аз ҷониби давлат, ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо принсипи қонуният амалӣ менамояд. Зеро ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрванд, шаъну шараф ва эътибори кории ў аз зумраи неъматҳое мебошанд, ки мукаддасанд. Ин арзишхои инсонӣ дар тули таърихи инкишофи башарият ҳамчун хосияти ифодасозандаи ҷанбаи иҷтимоии инсон ўро пайгирӣ мекард. Ин арзишест, ки доимист гуем ҳам хато намекунем. Имруз, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи Конститутсия инсон ҳамчун арзиши олӣ эътироф гаштааст, масъалаи эҳтироми қонуният ва ҳуқуқи шаҳрвандонро ба ҷо овардан масъалаи мубрам ва ҷолиби диққат барои рушди давлати демократию ҳуқуқбунёд гаштааст. Сабаб дар он аст, ки инкишофи шахсият маҳз аз ҳамин вобаста аст.
Дар ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд, ки имруз Ҷумҳурии Тоҷикистон қадамҳои устувори худро ба суи онҳо ниҳодааст, эътироф ва эхтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши ҳалкунанда дорад. Эътироф ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон маънои эътироф ва эҳтироми шаъну шараф ва эътибори инсонро дорад. Пас, давлат ҳамчун кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон барои ҳифзи шаъну шараф ва эътибори кории ҳар шахс ўҳдадорӣ ва масъулият бар душ дорад. Барои иҷрои дахлдори ин ўҳдадорӣ мақомоти қонунгузор дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ кафолатҳои ҳифзи ҳуқуқи ҳар шахсро ба шаъну шараф ва эътибори корӣ пешбинӣ ва мустаҳкам мекунанд. Барои вайрон кардани онҳо ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст.
Хусусияти давраи ҳозира ба ин ўҳдадориҳои давлат нақши худро мегузорад. Яъне давлат ба ҷои шахс ҳуқуқу озодиҳои ўро татбиқ карданӣ нест, баръакс, вай барои аз тарафи худи шахс амалӣ гардондани ҳуқуқу озодиҳояш шароит фароҳам меорад ва ин амалро кўмаку дастгирӣ мекунад. Бояд қайд кард, ки дар кадом ҳаҷму мазмун амалӣ гардондани ҳуқуқу озодиҳо бештар вақт ба худи шахс, ташаббус, кўшишу ғайрат ва дараҷаи лаёқати касбию фитрии вай вобаста аст. Аз ин рў, татбиқи ҳуқуқу озодӣ ва иҷрои вазифаҳо ҳамиштирокии давлат ва шахсро тақозо менамояд. Зеро кафолатнокӣ хусусияти хоси ҳуқуқу озодиҳои конститутсионӣ мебошад. Давлат бо роҳи фароҳам овардани шароити мусоид барои иҷрои вазифаҳо ва муқаррар намудану татбиқи чораҳои маҷбурӣ нисбати шахсоне, ки аз иҷрои онҳо сар мепечанд, ба таъмини иҷрои онҳо кафолат медиҳад.
Ҳамин тавр, эҳтироми қонуният ва ҳуқуқи шаҳрвандонро ба ҷо овардан мувофиқи Конститутсия ва қонунҳо ба ҳар кас барои амалӣ гардондани ҳуқуқу озодиҳо аҳамияти муҳим дошта, ин ҳуқуқу озодиҳо ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқи байналхалқие, ки аз тарафи Тоҷикистон пазируфта шудаанд, ҳифз карда мешаванд.
Раҳматова З.М. – дотсенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионии ДДҲБСТ