САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ДАР ТАЪМИНИ СУЛҲУ СУБОТ ДАР КИШВАР
Солҳои 90-ум асри XX-уми собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравӣ Сотсиалистӣ (ИҶШС) ба бӯҳрони шадиди сиёсӣ ва иқтисодӣ дучор гашт. Барҳам хурдани ИҶШС заминаҳои объективӣ ва субъективии худро дошт. Дар Кониститутсияи ИҶШС сабт шуда буд, ки ҳар як давлати аъзои он ҳуқуқи ихтиёран баромадан аз ҳайати онро дорад. Лекин роҳбарияти ИҶШС ҳаматарафа ба ин раванд монеъ мешуданд. Ба ҳамаи ин муқовиматҳо нигоҳ накарда Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибистиқлолии худро эълон намуда, аз ҳайати ИҶШС баромаданд.
Ҳаракатҳои истиқлолхоҳӣ то пошхӯрии ИҶШС ба дигар давлатҳо, аз ҷумла Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, ки узви комилҳуқуқи он буд бетаъсир намонд. Ба равандҳои демократӣ, эълон шудани бозсозӣ ва ошкорбаёнӣ такони бузург бахшид. Сиёсати бозсозӣ, демократикунонӣ ва ошкорбаёнӣ дар Ҷумҳурии Шӯравӣ Сотсиалистии Тоҷикистон хусусиятҳои ба худ хосро касб намуд. Аммо, авзои сиёсии Тоҷикистон, ки бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамсарҳад буд, рӯз аз рӯз мураккаб мегашт. Ҳаракатҳои иртиҷоӣ дар Тоҷикистон низ авҷ мегирифтанд. Хушбахтона 9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти хешро эълон намуда, ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардид.
Заминаи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – ин қабули Эъломияи Истиқлолияти давлатӣ буд, ки 1- сол муқаддам аз ҷониби Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида буд. Мутаассифона моҳи майи соли 1992 бо таъсири нерӯҳои иртиҷоӣ ба истиқлолияти воқеии Тоҷикистон зарба зада, Тоҷикистон ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Хушбахтона моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид, ки тамоми ғайрат ва талошҳои худро баҳри раҳоӣ аз оташи ҷанги шаҳрвандӣ, расидан ба сулҳу суботи комил, таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон равона сохт. Он замони мураккаб ёдовар мешавад – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон бо таъсири ҷанги таҳмилӣ ва дасисаи душманони хориҷӣ метавонист аз харитаи ҷаҳон нест шавад, миллатро парешонӣ ва парокандагӣ интизор буд.
Маҳз бо талошҳои пайгирона ва сиёсати сулҳовари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати сарбаланди тоҷик 27 июни соли 1997 ба ваҳдати миллӣ соҳиб гашт. Тоҷикистон дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ таҷрибаи комил ба даст оварда, аз ҷониби бонуфузтарин созмонҳои ҷаҳонӣ ва давлатҳои хориҷӣ шинохта шуда. Дар як вақти кӯтоҳи таърихӣ аз ҷанги шаҳрвандӣ осоре ҳам намонда, фазои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангии Тоҷикистон комилан тағйир ёфта, тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон озодӣ, Истиқлол ва хушбахтии комил ба даст оварданд. Имрӯз ҳама шукр аз неъматҳои Истиқлолияти давлатӣ менамоянд ва аз он фахр мекунанд, ки чунин Пешвои мушфиқу ғамхор доранд.
ҚАЮМОВ Ф.Ғ.-устоди ДДҲБСТ