Муаррифии асарҳои Пешвои миллат ва маводи таълимии тозанашри тахассусӣ дар факултетҳои донишгоҳ
Аз рӯйи нақшаи тартибдодаи китобхонаи илмии донишщгоҳ санаҳои 10 ва 11.01.2023 дар факултети ҳуқуқшиносӣ ва бизнес ва идоракунӣ, асарҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва маводи таълимии тозанашр, барои донишҷӯёни таҳсилоти фосилавӣ аз ҷониби кормандони китобхонаи илмӣ муаррифӣ карда шуд.
Зимни муаррифии китобҳо директори китобхонаи илмӣ Гулнора Ҳайдарова иброз дошт, ки ҳадафи муаррифии китобу адабиёти тозанашр шинос намудани донишҷӯён бо китобҳои тозанашр, огоҳии онҳо аз адабиёти нав ва ба ин васила ҷалби онҳо ба китобхонӣ мебошад.
Сипас китобдор Умарова У. маводи таълимии тозанашрро муаррифӣ намуд. Дар намоиш, инчунин китобҳои дарсӣ, комплексҳои таълимӣ–методӣ, дастурҳо вобаста ба тахассусашон, ки аз ҷониби устодону омӯзгорони донишгоҳ рӯйи чоп омадаанд, муаррифӣ карда шуд. Дар рафти чорабинӣ донишҷӯён бо адабиёти ба тахассусашон вобаста шинос шуда, инчунин ба донишҷӯёни таҳсилоти фосилавӣ оид ба қоидаҳои истифодабарии китобхона ва аъзо шудан ба китобхона аз ҷониби кормандони китобхонаи илмӣ маълумот дода шуд.
Ҳадаф ва мақсади баргузории муаррифии китобҳои тозанашр ин баланд бардоштани завқи китобхонӣ, шиносоӣ бо адабиёти навворидшуда,таъмин намудани онҳо бо маводи таълимӣ барои дарёфти саривақтии иттилоот ва дастрасии пурра доштан ба захираи китобӣ маънидод гардид.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа