РУШДИ МАОРИФ – МАСЪАЛАИ КАЛИДИИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Пешрафти соҳаҳои ҳаёти ҷомеа аз сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф вобастагии зич дорад. Бесабаб дар Тоҷикистон рушди соҳаи мазкур яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар нашудааст. Зеро таҳкурсӣ ва пояи рушди соҳаи иқтисодиёту сиёсат ва иҷтимоиёт фарҳанг аз омода кардани кадрҳои баландихтисос вобаста мебошад. Гарчанде ҷанги шаҳрвандӣ ба рушди соҳаи маориф монеа гардид ва ҳисороти зиёд ба миён овард, вале сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Тоҷикистон ва талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки дар 30 соли истиқлолияти давлатӣ 3240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуд ва таваҷҷӯҳу ғамхорӣ ба ин соҳа сол аз сол бештару беҳтар мегардад.

Гарчанде дар Паёмҳои ҳарсолаи Роҳбари давлат масъалаи соҳаи илму маориф ҳамчун мавзӯи хоса мавриди баррасӣ қарор мегирифт, аммо дар Паёми имсола, ки санаи 22.12.2022 ба Маҷлияи Олии кишвар ироа гардид, нисбат ба ҳар масъалаи дигар мавзӯи рушди соҳаи маорифи миллӣ аз ҷониби Роҳбари давлат мавриди таҳлили амиқ қарор дода шуд. Пешвои миллат зикр намуданд: «Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад». Такрор ба такрор атрофи мавзӯи рушди маориф, сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои миёна ва олӣ сухан намуда, Пешвои миллат барои ҳалли соҳаи мазкур гузаронидани ислоҳотро масъалаи зарурӣ арзёбӣ намуданд.

Дар робита ба рушди соҳаи маориф ба мавзӯи нақши омӯзгорон дар омода кардани кадрҳои баландихтисос ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат низ чанд андешаҳо баён карда шуд. Пешвои миллат  аз  роҳбарони муассисаҳои таълимӣ  даъват ба амал оварда шуд, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бахусус, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ, такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва тарбияи омӯзгорони ҷавони баландихтисос ва ба талаботи замона ҷавобгӯй дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори аввалиндараҷа диҳанд. Гарчанде ҳоло омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар 5 сол як маротиба аз курси такмили ихтисос мегузаранд, аммо ба ин нигоҳ накарда рушди босуръати илму техника ва технологияи муосир аз ҳар омӯзгор тақозо менамояд, ки мунтазам барои баланд бардоштани сатҳи малакаву маҳорат ва касбияти хеш диққат диҳанд. Дар чунин шароит танҳо бо роҳи худтакмилдиҳаӣ ва пайваста аз болои хеш кор намудан, ба ҳар омӯзгор имкон медиҳад, ки рисолати хешро дуруст анҷом дода, дар ҷомеа ва дар назди шогирдон обрӯву эътибори муайян пайдо намояд. Пешвои миллат ишора намуданд, ки баъзе омӯзгорон то ҳол аз рӯи конспектҳои давраи пеш дарс мегӯянд. Ин эроди Роҳбари давлат ба ҳамон омӯзгороне буд, ки то ҳол на танҳо бо маводу конспектҳои солҳои пешни, ҳамчунин бо методикаи замони гузашта дарс мегӯянд. Бехабар аз он, ки замони нав муносибати нави дарсгуиро талаб менамояд. Ба ҳамагон маълум аст, ки низоми таҳсилоти кредитӣ ва замони имрӯз аз ҳар омӯзгор дараҷаи баланди фаъолнокиро талаб менамояд.

Имрӯз дар назди омӯзгорон дар самти тарбияи насли наврас ва ҷавон вазифаҳои бисёр пурмасъулият меистад, ки иҷрои он аз як ҷониб бисёр пурмашаққат буда, аз тарафи дигар, кори арзишманд ва пуршараф мебошад. Иҷрои ин рисолат аз ҳар омӯзгор ҷонфидоиву садоқат, самимияту масъулиятшиносӣ ва  кӯшишу ғайрати дучандро талаб менамояд. Чуноне ки Пешвои миллат соли 2019 ҳангоми суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш вобаста ба вазифа ва рисолаи омӯзгорон ва аҳли илму адаб дар шароити муосир чунин зикр намуданд: «Ҳадафҳои неки созандаву бунёдкорона дар даврони соҳибистиқлолии Ватан аз устодону омӯзгорон, олимону донишмандон ва дар маҷмӯъ, аз тамоми кормандони соҳаҳои илму маориф тақозо доранд, ки, пеш аз ҳама, бо донишҳои муосири илмиву техникӣ мусаллаҳ бошанд ва шогирдону таълимгирандагонро ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар сафарбар карда, ин қишри фаъоли ҷомеаро дар рӯҳияи баланди худшиносӣ ва худогоҳӣ тарбия намоянд».

Пешрафти ояндаи давлат аз кӯшишу ғайрати омӯзгорон дар самти таълиму тарбияи дурусти насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву худогоҳӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос вобастагии бевосита дорад. Ҳар чи қадар мақоми омӯзгор дар ҷомеа баланд ва зиндагии иҷтимоии беҳтар дошта бошад, ҳамон андоза дар таълиму тарбияи насли наврас хизмати содиқона анҷом медиҳанд. Ҳавасмандкунии онҳо ба фаъолияти босифати кори онҳо вобаста буда, он ба болоравии сифати таълим муосидат менамояд. Омӯзгороне ки то вақти дарс ва ё баъди он ба савдову корҳои дигар машғул мешаванд ва бе омодагӣ ба дарс меоянд, он пастшавии сифати таълиму тарбия оварда мерасонад. Ва ё омӯзгоре ки ба хонандаву донишҷӯён самимӣ ва содиқона дарс намегӯяд ва ба ӯ сарчашмаи даромад назар мекунад, он ба раванди таълим халад ворид мекунад. Бо мақсади беҳтар намудани сатҳи зиндагии кормандони соҳаи маориф Пешвои миллат дар Паёми имсолаи хеш таклиф намуданд, ки аз моҳи июли соли 2022 дар ҳаҷми 20% музди меҳнати омӯзгорон баланд бардошта шавад. Умед аст, ки чунин иқдому дастгирӣ заррае ҳам бошад ба беҳтар гардидани фаъолияти омӯзгорон ва сатҳу сифати таълиму тарбия таъсир хоҳанд расонд.

Ногуфта намонем, ки омӯзгорӣ кори ҳар нафар нест ва на ҳар шахс аз ӯҳдаи ин рисолати пурифтихор сарабаландона мебарояд. Чун барои иҷрои дурусту босифати ин рисолати омӯзгорӣ заҳмату ҷонфидоиҳои зиёд тақозо карда мешавад. Ин аз худи ҳар омӯзгор вобаста аст, ки то кадом андоза дар ин роҳ ҷидду ҷаҳд нишон дода, бо сабру таҳаммул машаққатҳоро паси сар менамояд. Зеро омӯзгори ҳақиқӣ боқӣ мондан, бардошту заҳматҳои зиёдро талаб менамояд. Омӯзгорон ҳамчун субъектони раванди таълим метавонанд дар самти омода кардани кадрҳои баландихтиос ва дар роҳи расидан ба ҳадафҳои олии кишвар саҳми муносиби худро гузошта, дар саҳифаҳои рангини зиндагии хеш хотироти некро ҷовидона боқӣ гузоранд. Ба ин нигоњ накарда омўзгор бояд худ идеал ё худ намунаи гуфторњои хеш бошад, то дарсњои ў ба рафтору кирдор ва омўзиши донишљўён таъсир расонад. Чи тавре ки мебинем, дар кишвар њазорњо муаллимон дорем, аммо на њамаи онњо сазовори ин ному шараф њастанд. Чуноне ки яке аз нависандагони барљастаи немис Гёте нисбати омӯзгорон зикр намудааст: «Дар назди онњое, ки мо тањсил мекунем дуруст аст, ки онњоро муаллимони мо мехонанд, аммо на њамаи онњое, ки ба мо дарс медињанд, сазовори ин ном њастанд».            

Қобили зикр аст, ки дар шароити торафт шиддат ёфтани рақобати қудратҳои ҷаҳонӣ ва вазъи ҳассоси сиёсиву геополитикии минтақа ва ҷаҳон дар руҳияи худшиносиии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбия намудани насли ҷавон ва баланд бардоштани маърифати сиёсии онҳо бисёр муҳим ба шумор меравад. Аз назари мо, тарбия насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву худогоҳии миллӣ кори мавсимӣ нест, он аз зинаҳои поён, қабл аз ҳама, аз оила ва муассисаҳои томактабӣ оғоз гардида, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олӣ идома пайдо менамояд. Боло бурдани сатҳи маърифати сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон фаъолияти якҷояву дастаҷамъонаи ҳадфмандро тақозо менамояд.

Бе кадрҳои баландихтисос ва ҷавонони ватандӯсту худогоҳ рушди минбаъдаи давлат ва боз ҳам боло бардоштани обрӯву эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ номумкин аст. Бинобар ин Пешвои миллат дар Паёми имсолаи хеш ба масъалаи таълиму тарбия, забондониву донистани технологияи муосир таъкидҳои махсус намуданд: «Дар замоне, ки илму техника бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, бе дониши замонавӣ, бе касбу ҳунарҳои муосир ва бе донистани забонҳои хориҷӣ зиндагӣ кардан бисёр душвор мегардад. Баръакс касе, ки илму дониш ва касбу ҳунар дорад, дар зиндагӣ ҳаргиз хору зор ва ба касе муҳтоҷ намешавад ва умри бобаракат мебинад». Яъне, ба андешаи Роҳбари давлат забондонӣ ва соҳибкасб будани шахс омили на танҳо пешрафту ободии ҷомеа,  боло рафтани сатҳи зиндагӣ ва боиси обрӯву эътибори махсус пайдо намудани шахс дар байни аъзоёни ҷомеа мегардад. Бо мисолҳои равшан ишора намуданд, ки бештари хатмкунандагони мактабҳои олӣ забонҳои хориҷиро намедонад, ки он боиси пайдо кардани натавонистани ҷойи кори арзандаи онҳо мегардад. Даъват намуданд, ки дар оянда тамоми хизматчиёни давлатӣ, ваиклони Маҷлиси намояндагон бояд забонҳои русиву англисиро дар сатҳи забони модарӣ донанд. Бори дигар омӯзгорон ва ҷавононро таклиф намуданд, ки ҳадди ақал ду забони хориҷиро донанд. Зеро бе забони хориҷӣ дар оянда пешрафт кардани шахс ғайриимкон аст.  Дар ин иртибот, Пешвои миллат ба Вазорати маориф ва илм супориш доданд, ки барои омода кардани омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бо забонҳои хориҷӣ дар донишгоҳҳои равияи омӯзгорӣ кушодани шуъбаҳои алоҳида пешбинӣ намояд. Ҳамчунни тақозо намуданд, ки таълими забонҳои хориҷӣ, махсусан, русиву англисӣ дар тамоми факултаву шуъбаҳои мактабҳои олӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад.

Бояд гуфт, ки дар омода гардидани кадрҳои баландихтисос ва тарбияи ҷавонони соҳибмаърифату ватандӯстӣ  сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ вобастагии зиёд дорад. Дар шароити муосир дар бозори меҳнати ҳам дохили кишвар ва ҳам беруна аз он асосан хатмкунандагоне соҳиби ҷои кор мешаванд, ки дорои касбияти баланд,  донандаи технология ва  забонҳои хориҷӣ бошанд. Гузашт аз ин, маҳорати ташкилотчигӣ ва доштани малакаи муошират бо одамон шартҳои муҳими ба кор қабул гардидан ва комёбӣ дар зинаҳои фаъолияти касбӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳоло чанд сол мешавад, ки Пешвои миллат бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва худшиносиву ҳисси ватандӯстии насли наврасу ҷавон озмунҳои ҷумҳуриявиро роҳандозӣ намудаанд, ки бешубҳа сол аз сол доираи васеи иштирокчиёнро фаро гирифта, ба зиёд гардидани шумораи соҳибистеъдодони ҷавон таъсир расонида истодааст. Пешвои миллат дар Паёми хеш ҳадафи баргузории озмунҳои «Илм–фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон–Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва олимпиадаву озмунҳои гуногунро ҳамчун воситаи тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ, ҳисси ифтихор аз таъриху тамаддуни бостонии мардуми тоҷик, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии шаҳрвандон, қабл аз ҳама, наврасону ҷавонон, тақвияти завқи зебоипарастии онҳо ва пайдо кардани истеъдодҳои нодир аз байни наслҳои ояндасоз унвон намуданд.

Пешвои миллат дар Паёми навбатии хеш дар самти пурзӯр намудани азхудкунии донишҳои замонавӣ, ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намудани наврасону ҷавонон, тақвият бахшидани қобилияти эҷодии онҳо ва ба таълими илмҳои замонавӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва омӯзиши технологияи муосир боз ҳам бештар намудани корҳоро тақозо намуданд. Воқеан, таклифи мазкур аз нуқтаи назари рушди илму техника, болоравии маърифати мантикӣ-математикии наврасону ҷавонон ва рушди босуръати саноатикунонии мамлакат ва дар робита ба эълон гардидани солҳои 2022-2026 солҳои рушди саноат аҳамияти баландро соҳиб мебошад. Бе пешрафти илмҳои дақиқ дастовардҳои назарраси илмиву техникӣ имконнопазир аст. Рушди соҳаи илму техника ва технология дар кишварҳои пешрафта собит намуд, ки танҳо бо шарофати пешрафти илмҳои табиатшиносӣ ва риёзиву техникӣ метавон ба натиҷаҳои баланди илмӣ соҳиб шуд. Аз ин рӯ захираҳои бузурги зеризаминӣ ва гидроэнергетикии ҷумҳурӣ ва тадбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар тақозо менамояд, ки илмҳои табиатшиносӣ, дақиқу риёзӣ рушд намояд ва мутахассисони соҳибкасби ин соҳаҳо бо илму дониш ва дастовардҳои илмӣ дар пешрафти кишвар саҳмгузор гарданд.

Масъалаи дигаре, ки ба сифати таълиму тарбияи насли ҷавон вобаста мебошад, ин робитаи байни волидон бо омӯзгорон ва нақши падару модар дар раванди таълим мебошад. Маҳз бо ин мақсад чанд соле пеш дар ҷумҳурӣ Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул карда шуд, ки то волидон бо масъулияти баланд ба мавзӯи  рушди маънавию ҷисмонии фарзандони хеш муносибат намуда бошанд. Пешвои миллат таъкид доштанд, ки падару модарон бояд шароит муҳайё созанд, ки наврасону ҷавонон, чи духтару чи писар бояд хонанд, илму дониш ва касбу ҳунар омӯзанд. Онҳо дар раванди таълиму тарбия насли наврас назоратчӣ нашуда, балки дар ин раванд саҳмгузорӣ намоянд. Корро танҳо ба гардани мактаб ва омӯзгор нагузошта, дар робитаи зич бо омӯзгорон барои тарбияи хуби фарзандон нақши муайян дошта бошанд. Махсусан фарзандони худро, ки ба ғайр аз 5-6 соат таҳсил дар муассисаи таълимӣ, боқимондаи вақт дар оила қарор мегиранд, хуб тарбия намуда, барои ҳамчун шахси ватандӯсту хештаншинос ба воя расонидани онҳом  ҷаҳду талош намоянд.

Воқеан, саҳми омӯзгорон дар рушди соҳаи маориф бисёр назаррас буда, хизмати содиқонаву пурмасъулияти онҳо дар тарбияи кадрҳои ояндасози миллат, пешрафти соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва дар умум ба рушди устувори кишвар ва боло рафтани эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.

Соҳаи маориф зербинои асосии пешрафти ояндаи давлату миллат буда, дуруст ба роҳ мондани корҳои таълимиву илмӣ ва тарбиявию ҷамъиятӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот барои омода кардани кадрҳои баландихтисос ва ҷавобгӯ ба талаботи рақобати бозори меҳнат таъсири бевосита мегузорад. Аз ин рӯ, ислоҳоти дурусти соҳаи маориф ин нишони рушди минбаъдаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва омили пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҳазораи сеюм маҳсуб меёбад.

 

Шӯҳрат Саидзода- мудири кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ  

You might also like