ДОНИШИ МУОСИР-ШАРТИ АСОСИИ РУШДИ КИШВАР
Соли ҷорӣ низ Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимод ба рушди ояндаи кишвар ба Маҷлиси Олӣ ироа карда шуд. Дар он ба паҳлўҳои мухталифи рушди давлатдории миллӣ ва таъмини ҳаёти арзанда ба аҳолии кишвар таваҷҷуҳ карда шуд. Хусусан, дар Паёми имсола низ чун паёмҳои пешин сарвари давлат ба рушди соҳаи маорифи кишвар таваҷҷуҳи хосса равона намуд.
Дар шароити имрўза ворид шудан ба фазои ҷаҳонии таҳсилот яке аз ҳадафҳои муҳимми низоми маорифи кишварро ташкил медиҳад. Ҳукумати Тоҷикистон дар ин самт корҳои назаррасеро ба сомон расонида истодааст. То ба имрўз шумораи зиёди ҷавонон барои таҳсил дар донишгоҳҳои хориҷ фиристода шудаанд, ки аз кўшишҳои Тоҷикистон барои рушди соҳаи маориф ва воридшавӣ ба фазои ҷаҳонии таҳсилот дарак медиҳад. Дар муқоиса аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар шароити имрўза имкониятҳои зиёде барои ҷавонон дар самти таҳсилот фароҳам карда шудаанд. Танҳо ҷавонон ва наврасони моро зарур аст, ки аз ин имкониятҳо истифода баранд. Фаъол шудани марказҳои мухталифи забономўзӣ, ба роҳ мондани барномаҳои мухталифи дастгирии таҳсил дар хориҷи кишвар, бунёди мактабҳои хусусӣ, ташкили курсҳои иловагӣ дар риштаҳои гуногун, беҳтар намудани инфрасохтори омўзишӣ дар муассисаҳои таълимии кишвар аз ҷумлаи иқдомҳои муҳимме мебошанд, ки дар самти рушди маорифи кишвар ва беҳтар гардидани фазои таҳсилот мусоидат намуданд.
Дар Паёми Пешвои миллат дар самти рушди соҳаи маорифи кишвар пешниҳодҳои заминасоз ва муҳимме ироа карда шудаанд. Муҳиммияти чанде аз ин пешниҳодҳоро мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор медиҳем.
Дар Паёми хеш Пешвои миллат зарурати боло бурдани завқу раѓбати хонандагонро ба омўзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ ва ҳамчунин омўзиши забонҳои хориҷӣ махсусан зикр намуд. Дар воқеъ ба низоми маорифи кишвар зарур аст, ки механизмҳои муассири ангезабахшии наврасон ва ҷавононро барои омўзиши фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ ба роҳ монад. Албатта, дарёфти чунин механизм омўзиши фарогирро талаб мекунад. Ба андешаи мо зарур аст, ки амалӣ намудани «Бистсолаи омўзиши фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ» ниҳодина карда шавад. Хусусан, ташкили Озмоишгоҳи миллии илмҳои дақиқ ва техникиро муҳим мешуморем, то заминаи муҳимми ниҳодӣ барои омўзиши фанҳои дақиқ зуҳур пайдо кунад. Зарурати омўзиши фанҳои дақиқ ва техникиро касе инкор карда наметавонад, аммо зарур аст, ки мо ба ҷиҳатҳои воқеии ин иқдом таваҷҷуҳ карда бошем. Ба андешаи мо танҳо дар сурати бунёди заминаи ниҳодӣ, хусусан бунёди озмоишгоҳи миллии илмҳои дақиқ ва техникӣ мо метавонем дар самти рушди илмҳои дақиқ ва техникӣ дар кишвар муваффақ гардем.
Албатта, дар раванди таҳсилот омўзгор нақши муҳим ва муайянкунанда дорад. Аз ин рў, беҳтар намудани сифати таҳсилот аксари маврид аз мавқеи омўзгор дар ҷомеаи имрўза бастагӣ дорад. Хусусан зарур медонем, ки ба тақвияти дониши омўзгорон ва бозомўзии онҳо таваҷҷуҳ карда шавад. Танҳо омўзгори мусаллаҳ бо дониши муосир метавонад шогирони донишманд ва ҳирфаиро омода намояд. Албатта, дар шароити имрўза нақши омўзгор дар ҷомеаи мо аз омилҳои мухталифи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бастагӣ дорад. Ба андешаи мо, зарур аст, ки қишри таҳсилдидаи кишвар ва омўзгорон дастгирии ҳамаҷонибаи иҷтимоӣ ёбанд, то онҳоро ниёзе барои ҳиҷрат ва машѓул шудан ба пешаҳои дигар боқӣ намонад.
Ташкили курсҳои бозомўзӣ барои тақвияти дониши омўзгорон муҳим талаққӣ мегардад. Дар шароити имрўза илму дониш бо суръати баланд рушд менамояд ва аз ин рў қишри омўзгорро зарур аст, ки ҳамешагӣ иттилооти навро пайгирӣ намоянд ва худро бо донишҳои муосир мусаллаҳ гардонанд. Танҳо бо доштани заминаи зарурии дониши муосир омўзгорон метавонанд донишомўзони худро ба таҳсил ва омўзиш ангеза бахшанд. Хусусан, дар муҳити имрўза зарур аст, ки омўзгорон низ донандаи забонҳои хориҷӣ бошанд. Омўзгори ҳирфаӣ ва муосир ба донишомўзони хеш метавонад таъсири бештаре дошта бошад. Аз ин рў, моро зарур аст, ки дар мавриди беҳтар намудани савияи дониши омўзгорон ва тавонбахшии онҳо биандешем.
Дар шароити имрўза омўзиши забонҳои хориҷӣ метавонад заминаи муҳимми воридшавии кишвари мо ба низоми ҷаҳонии таҳсилот гардад. Зарур мешуморем, ки забономўзии ҷавонон ва наврасони мо дар баробари омўхтани илмҳои дақиқ ва техникӣ рушд бахшида шавад. Дар шароити имрўза омўхтани технологияи муосир аз мо сатҳи муайяни забонҳои хориҷиро талаб мекунад.
Дар шароити имрўзаи Тоҷикистон имкониятҳои таҳсилотӣ тадриҷан беҳтар мегардад ва ба насли наврас ва ҷавонони мо зарур аст, ки аз зарфиятҳои мавҷуда дуруст истифода карда бошанд. Бо истифодаи дуруст, саҳеҳ ва бамавқеъ аз зарфиятҳои мавҷудаи омўзишӣ ҷавонон ва наврасони мо метавонанд зиндагии худ ва ватанашонро ободу осуда гардонанд.
Солиев Ш.Х.– дотсенти кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ