ДДҲБСТ: Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон – Таҳкимбахши сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон

03 январи соли 2023 дар “Маркази таҳқиқотии таҷрибаи давлатдории Пешвои миллат”-и Маркази таҳсилоти рақамии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон-Таҳкимбахши сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон” мизи мудаввар баргузор шуд. Ин чорабинии тарбиявӣ бо ибтикори кафедраи ҳуқуқи гражданӣ ва меҳнат доир гардида, дар он мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ Азал Ёқубов иштирок дошт. Ҳамзамон дар мизи гирд садорати факултети ҳуқуқшиносӣ, мудирони кафедраҳо ва кормандону устодони донишгоҳ иштирок карданд. Мизи мудавварро декани факултети ҳуқуқшиносӣ Шероз Тоҷибоев ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ барномаи мукаммали давлатие мебошад, ки ба рушди минбаъдаи кишвар нигаронида шудааст.

Сипас, мудири кафедраи Ҳуқуқи граждании Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода М.А. баромад кард. Зикр шуд, ки солҳои охир вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон хеле мураккаб гардида, ҳоло инсоният дар давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарини таърихи қариб сад соли охири худ қарор дорад. Бахусус соли 2022 таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ вусъат гирифта, занҷираҳои мавҷудаи таъминоти молу маҳсулот канда шуданд, истеҳсоли маҳсулот коҳиш ёфт ва нархҳо, махсусан нархи маводи ғизоӣ ба таври бесобиқа боло рафтанд, ки он дар Паём таъкид ёфт.

Дар идомаи мизи мудаввар муовини декан оид ба корҳои  тарбияи факултети хукукшиносӣ Қобилов Б.К., мудири кафедраи ҳуқуқи гражданӣ Санавваров Ғ.Б., мудири кафедраи ҳуқуқи  конститутсионӣ Бобоев А.Х. мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ Солиев И.М. ва мудири кафедраи сиёатшиносӣ Саидзода Ш. андешаҳояшонро перомуни паҳлӯҳои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ баён доштанд. 

Қайд карда шуд, ки музди маоши кормандони соҳаи маориф дар ҳар Паёми Сарвари давлат баланд бардошта мешавад, ки аз таваҷӯҳу дастгириҳои роҳбари давлат нисбати ин қишри ҷомеа гувоҳӣ медиҳад.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like