Табрикоти ректор, профессор Муъмин Шарифзода ба муносибати Соли нави мелодии 2023 Устодони муҳтарам, донишҷӯёни азиз!

Мо дар остонаи Соли нави мелодии 2023 қарор дорем. Соли нави мелодии 2023-ро ба ҳар яки Шумо сидқан муборакбод намуда, бароятон саломатии бардавом, зиндагии пурнишот, фатҳу кушоиши тоза ва муваффақияту комёбиҳо орзу менамоям.  

 Соли сипаригардидаистодаи 2022 бо як қатор руйдодҳои таърихӣ, дастовардҳои бузург ва таҷлили санаҳои фархунда дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистони муҳбуб сабт хоҳад шуд.

Соли 2022 зери таассуроти наҷибу нотакрор аз тантанаҳои бошукӯҳи ҷашни 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба донишгоҳамон соли неку хотирмон, таърихиву фаромӯшнашаванда барои ҷомеаи меҳнатиамон ба ҳисоб меравад.

Музаффариятҳои фараҳбахш ва падидаҳои созандаи соҳибистиқлолӣ, ки марҳилаи амалишавии нақшаҳои азими созандагӣ, ҳадафҳои стратегӣ, таҳкими сулҳу суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ноил шудан ба зиндагии шоиста аст, барои фаъолияти пурсамари ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ илҳоми тоза бахшида, бо иҷрои нақшаҳои тарҳрезишуда ба дастоварду муваффақиятҳои беназир ноил гардидем.

Соли 2023 барои ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ соли таърихӣ мебошад. Зеро дар ин сол ба таъсиси донишгоҳамон 30 – сол сипарӣ мегардад. Аз ин рӯ мо бояд бо дастовардҳои бузург дар тамоми самтҳо 30-солагии донишгоҳро бо нақшаҳои неку ҳадафҳои созанда, заҳмати ватандӯстонаву аҳлона, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода намудани мутахассисони ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгў, тарбияи насли созандаву худогоҳ бо шукӯҳи хоса ва нусрату тантанаҳо истиқбол намоем.

Бигзор, Соли нави 2023 ба Шумо саломатию иқболи нек, рўзгори босаодат ва ба Тоҷикистони азизу маҳбубамон ваҳдати ҷовидона, пешрафти рӯзафзун ва хушнудиҳои бешумор орад.

Соли нави милодӣ муборак!

You might also like