ДДҲБСТ: Тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз субҳи барвақт ҷиҳати тамошои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон омодагии ҳамаҷониба диданд. Дар маҷлисгоҳу синфхонаҳои барҳаво телевизор ва дастгоҳҳои намоишдиҳанда насб гардида, шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шуд то муҳассилин ва кормандону устодони донишгоҳ ин роҳнаморо дар сатҳи зарурӣ тамошо намоянд.
Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, таъмини рушди иқтисодӣ, саноат, энергетика, нақлиёт, алоқа, амният, тартиботи ҳуқуқӣ, тандурустӣ, фарҳанг, илм, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳиро муайян намуда, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Аз ироаи Паёми навбатӣ устодону донишҷӯёни донишгоҳ изҳори хушҳолӣ намуда, онро сармашқи фаъолияти худ қарор медиҳанд. Дастгирӣ ва таваҷҷӯҳи ҳамешагии Сарвари давлат нисбати кормандони соҳаи илму маориф эҳсос мегардад. Кормандон ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ масъалаҳои вобаста ба соҳаи мазкурро, ки дар Паёми Пешвои миллат баён гардид, мавриди омӯзиши амиқ қарор дода, дар амалинамоии он саҳмгузорӣ хоҳанд кард.

 

 

You might also like