НАЗАРИ ШАХСӢ ОИД БА МАВҚЕИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАСЪАЛАҲОИ МАРЗӢ

Мутолиаи мақолаи коршинос оид ба масъалаҳои марзӣ дар мавзўи «Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?» ақидаи аксар ҳамватанонро тағйир дод. Аз моҳият ва асосҳои ҳуқуқии дар мақола овардашудаи Абдуллоҳи Раҳнамо бармеояд, ки дар мамлакати ҳамсоя вобаста ба манфиатҳои давлатӣ рафтор мекардаанд. Хусусан, аз ҷониби давлатдорони Ҷумҳурии Қирғизистон эътироф накардани ҳуҷҷатҳои дар даврони ҳукмронии давлати собиқ Иттиҳоди Шўравӣ амалкунанда, яъне «ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1927 ва 1932», худсарона ба манфиати худ истифода бурдани 211 000 га заминҳои қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон на аз назари ҳуқуқӣ дуруст асту на аз назари мантиқӣ ва на аз нуктаи назари одамигарӣ. Чун муаллиф қайд мекунанд: «…замин тахминан ба ҳудуди якҷояи шаҳрҳои Исфара, Конибодом, Хуҷанд (бо назардошти тамоми ҳудуди маъмурии деҳоти онҳо) ё тахминан беш аз даҳ ҳудуди шаҳри Душанбе бо афзудаҳои нави атрофаш баробар аст». Яъне он минтақаи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта, ки «минтақаи баҳсӣ» эътироф шудааст, ҳудуди азиме буда, муаммоҳои онро яктарафа намудан шарти асосии оромии аҳолиҳои наздисарҳадӣ мебошад.

Агар ба далелҳои таърихии дар макола овардашудаи коршинос Абдуллоҳи Раҳнамо назар афканем, маълум мешавад, ки ду давлати ҳамсоя дар даврони шўравӣ 5 маротиба барои муайянкунии сарҳад гуфтушунидҳои расмӣ гузаронидаанд. Аз ҷумла:

Солҳои 1924-1927 – Ба имзо расидани ҳуҷҷатҳои таъсисии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна бо муайянкунии сарҳадҳои байнидавлатӣ.

Соли 1932 – Қарори Президиуми Кумитаи Иҷроияи ҶШС Тоҷикистон оид ба муайянкунии ҳудудҳои худ;

Соли 1949 – Санади Шўрои вазирони Қирғизистон оид ба муайянкунии ҳудудҳои наздисарҳадӣ;

Соли 1958-1959 – Комиссияи дуҷониба «Оид ба ҳалли масъалаҳои обу замин байни ҶШС Тоҷикистон ва ҶШС Қирғизистон»;

Соли 1989 – Комиссияи дуҷониба оид ба муайянкунии сарҳадҳои давлатӣ.

Се санади аввале, ки муаллиф дар мақолаи худ овардааст, вазни ҳуқуқии дуҷониба дошта, аз ҷониби сарони давлатҳо тасдиқи расмӣ гирифтааст. Маҳз ба ана ҳамин ҳуҷҷатҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми сар задани муқовиматҳои сарҳадӣ дар муайянкунии ҳудуд такя мекунад.

Он ҳуҷҷатҳое, ки дар солҳои 1949, 1958-1959 ва 1989 тасдиқ шудааст, вазни ҳуқуқии дуҷониба надошта, аз тарафи шахсони ваколатдори ҳамондавраи Қирғизистон ба имзо расидаанд. Ин бар хилофи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, риоя нашудани «моддаи 5-и Созишномаи таъсисдиҳии ИДМ аз 8 декабри соли 1991 оиди «сарҳади мавҷуда» (неприкосновенность границ)» шаҳодат медиҳад. Ҳатто дар моддаи 7-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки «Ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсимнашаванда ва дахлнопазир аст».

Пас саволҳое ба миён меояд, ки «Чаро роҳбарияти қирғизҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилаливу дахлнопазирии давлати ҳамсояро эътироф накарда истодаанд?»

Аз нуктаҳои таърихии мақолаи коршиноси масоили байналмилалӣ бармеояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони шўравӣ вазъияти иқтисодиву иҷтимоии мамлакати ҳамсояро ба инобат гирифта, манотиқи бузургро бо паҳнои 211 000 га муваққатан ба истифода дода буд. Ва барои чӣ рўйхотири ҳамсоягӣ риоя нашуда истодаасту некиҳои мардуми тоҷик, яъне ба истифодаи муваққатӣ додани заминҳои қонунии худро бар манфиати худ истифода бурда истодаанд.

Чуноне ки мо фаҳмидем, он заминҳои қонуние, ки барои истифодаи муваққатӣ дода шудааст (211 ҳазор га), Тоҷикистон хоҳиши баргардонии онро дорад, на балки ҳамчун ғосиб замини бегонаро талаб намуда истодааст. Ҷониби Қирғизистон бошад, кўшиш намуда истодаанд, ки заминҳои ҳамсояро, ки солҳо истифодааш намуданд, аз они худ намояд. Дар ин ҳолат ягон нишонаҳои одамигариву ҳамсоядорӣ ва давлатдорӣ риоя нашуда истодаасту баръакс таҷовузкорона, ғосибона, ноадолатона, бераҳмона замини ҳамсояро соҳибӣ карданӣ ҳастанд. Хусусан, бераҳмии онҳо дар аввали моҳи тирамоҳи соли 2022 бештар маълум шуд, ки бомдоди санаи 14-уми сентябр ноадолатона ба аҳолии бегуноҳи шаҳри Исфара ҳуҷум намуданд. Ин рафтори қирғизҳо собит менамояд, ки онҳо талабгори сулҳу оромӣ ва ҳамсоядории одилона тестанд. Баръакс ҳамчун «агрессор» замини ҳамсояро аз они худ карданӣ ҳастанд.

Амалҳову хостаҳои ғайриқонунӣ, берун аз мантиқ ва бераҳмонаи роҳбарияти Қирғизистон дар ғасби манотиқи давлати ҳамсоя ҳеҷ гоҳ амалӣ намешавад, зеро мардуми аз як гиребон сар бароварда ва ҳамчун ангуштони як мушт амалкунандаи тоҷикон дар зери сиёсати одилона, ҷамъиятпарварона ва сулҳхоҳонаи роҳбари адолатпарвари хеш, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳеҷ гоҳ порае аз ватани худро ба ғосибон доданӣ нестанд ва ин гуфтаҳоро сатрҳои зерин тасдиқ мекунанд:

 

Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳеҷ замоне,

Тоҷик ба хоки дигаре аз сари кина,

Бо ҳамҳамаю дамдама лашкар накашидаст.

Таърих гувоҳ аст, ки дар арсаи таърих,

Тоҷик зи роҳи ҳасаду ҷаҳлу таассуб,

Бар фарқи саре найзаю ханҷар накашидаст.

 

Юсупов Д.С. – н.и.и., дотсент, мудири кафедраи кори бонкӣ

You might also like