Дар ҳошияи мақолаи Абдуллоҳи Раҳнамо «Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?»
Истиқлолият неъмати бебаҳост 31-сол муқаддам яъне 9-уми сентябри соли 1991-ум муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад: Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқўъ пайваст ва 9 сентябр расман Рўзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрўз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад. Мардуми точики мустакилиятдор дар дарозои замонҳо миллати мо аз шебу фарози таърих ва озмоишҳои сахту сангин гузашта бошад ҳам, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони ноби модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст. Ба ҳамагон маълум, ки ниёгони мо бо талқини афкори пурарзиши «Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» беҳтарин ва равшантарин орзуву омоли инсоният ва рукнҳои ахлоқи ҳамидаро басо орифона ифода намудаанд, ки ин каломи пурҳикмат дар тўли асрҳо барои ташаккули арзишҳои солими башардўстона хидмат карда истодааст.
Бояд инро тазаккур дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шимолу-шарқ бо Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамсарҳад мебошад. Дарозии умумии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон тахминан 987 км-ро ташкил мекунад.
Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон 14 январи соли 1993 барқарор гаштаанд.
Равобити Тоҷикистону Қирғизистон бар пайвандҳои бисёрсолаи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ асос ёфтаанд.
Муколамаи сиёсии байни ду кишвар густариш меёфт ва ҷиҳати равнақи бештари он абзорҳои лозим – Шӯрои ҳамоҳангсозии байнидавлатӣ, Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба баррасии маҷмӯи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ва Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ фаолият доштанд.
Машваратҳои сиёсӣ байни роҳбарият ва воҳидҳои сохтории вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар мунтазам баргузор мегарданд. Ҷонибҳо Барномаи ҳамкории вазоратҳои корҳои хориҷиро барои солҳои 2021-2022 ба имзо расониданд.
Пояи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 100 санадро дарбар гирифтааст.
Санадҳои асосие, ки самтҳои аслии ҳамкориро ба танзим медароранд ва дар он приниспҳои асосии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон муайян шудаанд, Аҳднома оид ба муносибатҳои асосии байнидавлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон аз 12 июли соли 1996 ва Аҳднома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба муносибатҳои некӯҳамсоягӣ ва ҳамшарикӣ аз 26 майи соли 2004 мебошанд.
Кишварҳо чун анъана дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла СММ, ИДМ, СҲШ, СААД, САҲА ва МҲТБО ҳамкориҳои зич дошта, аз таҷрибаи ҷонибдории ташаббусҳои байналмилалии ҳамдигар фаровон истифода мебурданд.
Тоҷикистон бар он аст, ки принсипҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистону Қирғизистон, ки дар асоси он мардумони тоҷику қирғиз аз қадимулайём мезистанд ва меофариданд, минбаъд низ ба рушди пайвастаи тамоми муносибатҳои дуҷониба мусоидат кунанд.
Ҳодисаҳои дахшатоваре, ки аз ҷониби қувваҳои мусаллаҳи Қирғизистон суи мардуми осоиштаи ҷамоати деҳоти Чоркуҳи шаҳри Исфара оғози амалиётҳои ҷангӣ, оташ задани манзилҳои истиқоматии мардуми осоишта аз он шаҳодат медод, ки қувваҳои сиёсии бурунмарзи дар ин ҳолат накши хешро доранд. Вале, тавре мушоҳида гашта буд, ҳамоно ҷанги иттилоотӣ дар фазои маҷозӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон амал намуд. Ва ҳатто чанд рӯз ин ҷанг дар шакл ва манзараи нав намудор гардид, ки таҳлилгарони огоҳи ватаниро ба андешидани тадбирҳои ҷиддӣ водор намуд, оғози ҷанги воқеӣ ва ҳам ҷанги иттилоотӣ аз ҷониби Қирғизистон аст. Яъне, ҳар ду ҷангро ҷониби Қирғизистон оғоз намуд.
Аз моҷарои дар Ворух ва аз қабули созишномаи 1 майи соли 2021 аз ҷониби ҳайатҳои коммиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар масъалаи эълон ва риояи оташбас ҳудудан як ҳафта сипарӣ шуда буд. Амалан, ин созишнома ба низоъ ва задухурди ҳарбӣ дар марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон хотима бахшид. Баъд аз созишномаи ин ду давлатҳо Мардуми миллати точик амалхои зиддиинсонии мазкурро махкум намуда барои ояндаи осмони соф, сулху ороми сахми даъват ба амал овард.
Аҳдшикани низоъ ва иғвои қиргизҳо ки 16.09.2022 бо маслиҳати пешакӣ ва тайёрии мусаллаҳонаи ҷангӣ, ғайриқонуни гузаштан аз сарҳади давлати ва ба муқобили аҳолии осоиштаи сокинони шаҳри Исфара ба амал омад, талафоти зиёди ҷонӣ ва ҳисороти молиро ба миён овард, ки боиси андуҳи амиқи тоҷикзабонони тамоми дунё гардид.
Бо вуҷуди ин, мушкилоти марзӣ набояд боиси бадбинӣ ва нафрат дар байни ду миллат гардад, балки бо истифода аз таҷрибаи ҷаҳонӣ ва бо такя кардан ба ақлу маърифати баланди инсонӣ, тариқи осоиштаю ҳуқуқӣ ҳал шавад.
Масоили марзи дар кишварҳои Осиёи Маркази назди як аср мешавад, ки идома дорад ва барои кишварҳои минтақа, барои ҳамкории минбаъда монеаҳои гуногунро ба бор меорад. Ҳолати мазкур таърихи кадима дошта решаҳои таърихии он ба давраи таксимоти марзию ҳудуди дар Осиёи Миёна рафта мерасад. Ин таксимот барои кишварҳои минтақа ҳам дар гузашта ва хам дар давраи муосир боиси пайдоиши моҷароҳои марзи дар ин минтақа гардидаанд.
Вобаста ба масъалаи мазкур коршиноси масоили сиёсӣ Абдуллоҳи Раҳнамо таҳлили хуб анҷом дода тамоми санадҳои дақиқро барои исботи ин масоил пешниҳод намудааст. Аз мазмуни мақолаи мазкур ба мо маълум аст, ки имруз ҷониби Тоҷикистон заминҳои худро дар асоси ҳуҷҷатҳои расми талаб менамояд. Ҷониби Қирғизистон бошад аз додани заминҳои кишвари мо даст кашида ҳар гуна баҳонаҳои беасос пешниҳод менамояд. Ҷониби Тоҷикистон заминҳои аз Кирғизистон ба иҷорагирифтаи худро бе ягон мушкилот баргардонид ва ҷониби дигар низ бояд чунин амалро анҷом дода заминҳоро баргардонад.
Такя ба гуфтаҳои Абдуллоҳи Раҳнамо моҳияти содаи низои печидаи марзӣ байни ду давлати ҳамсоя аз ин иборат аст, ки мувофиқи ҳуҷҷатҳои расмии муайянкунандаи сарҳади байни ин ду кишвар, имрӯз ҳудуди 211 000 гектар замини қаламрави қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ихтиёр ё истифодабарии Ҷумҳурии Қирғизистон қарор дорад. (Маҳз ҳамин рақам 23.09.2022 дар суханронии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмаи умумии СММ садо дод).
Имрӯз ҳар як шаҳрванди бо нангу номуси Ватан инро дуруст донад ва дар асоси санаду далелҳои қавӣ мавқеи худ ва ба кишвари худ боварии комил дошта, дар муҳофизати марзу буми Тоҷикистони азизи худ истодагари карда Истиқлолият ва якпорчагии кишвари азизи худро баъди ҳазор соли парокандагӣ ҳифз ва таъмин намояд.
Нодира Шаропова – донишҷӯи курси 3, факултети ҳуқуқшиносӣ