БАРДОШТ АЗ МАҚОЛАИ АБДУЛЛОҲИ РАҲНАМО

Дар ибтидои солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвармон муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон ба роҳ монда шуда, айни замон раванди баррасии масъалаҳои сарҳадӣ байни ду кишвар идома дорад, ки ҳалли он ба таҳкиму таъмини муносибатҳои кишварҳо такони тоза хоҳад бахшид.

Тавре, аз мақолаи коршиноси тоҷик Абдуллоҳи Раҳнамо бо номи “Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест? маълум  аст, моҳияти содаи низои печидаи марзӣ байни ду давлати ҳамсоя аз ин иборат аст, ки мувофиқи ҳуҷҷатҳои расмии муайянкунандаи сарҳади байни ин ду кишвар, имрӯз ҳудуди 211 000 гектар замини қаламрави қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ихтиёр ё истифодабарии Ҷумҳурии Қирғизистон қарор дорад. (Маҳз ҳамин рақам 23.09.2022 дар суханронии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмаи умумии СММ садо дод). Тибқи ҳамин санадҳои расмӣ ин заминҳо, ки ҳамчун «қитъаҳои баҳсӣ» ёдоварӣ мешаванд, ҳоло 84 000 га замин дар мавзеи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (асосан аз ҳисоби ҷамоати Хистеварз ё Қистакӯзи собиқ), 56 000 гектар замин дар ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ (асосан минтақаи ҷангалзори Андарак), 61 000 гектар замин дар ҳудуди шаҳри Исфара (асосан аз ҷамоатҳои Сурх, Чоркӯҳ ва Ворух), баъзе қитъаҳои нисбатан хурди дигар дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Спитамен ва ғайраро дар бар мегиранд.

Аммо, роҳбарияти имрӯзаи кишвари Қирғизистон ба ҷойи бо гуфтушунид ва муносибатҳои дипломатӣ ҳал намудани масъалаи марзӣ, бо харидорӣ намудани лавозимотҳои зиёди ҳарбӣ машғул буда, сарҳадбонони қирғиз бо вайрон намудани тамоми тавофуқномаву созишномаҳои қаблан имзошуда борҳо бо баҳонаҳои гуногун манотиқи марзии кишвари моро тирборон кардаанд.

Дар мақолаи Абдуллоҳи Раҳнамо бо овардани далелҳои таъхирнопазир исбот гардидааст, ки мувофиқи ҳуҷҷатҳои расмии муайянкунандаи сарҳади байни ин ду кишвар, имрӯз ҳудуди 211 000 гектар замини қаламрави қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ихтиёр ё истифодабарии Қирғизистон қарор дошта, дар тӯли 90 соли охир маҳз дар асоси амалу санадҳое чун муомилаи байниҳамдигарии шаҳрвандони оддӣ ё мансабдори маҳаллӣ, табодули замин байни колхозу совхозҳо ва ғайра ба ихтиёри кишвари ҳамсоя даромадаанд. Вале, санадҳои мазкур расмиёти зарурии давлатиро нагузашта, ҲАМЧУН ҲУҶҶАТИ РАСМИИ МУАЙЯНКУНАНДАИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН ЭЪТИРОФ НАШУДААНД.

Дар идома зикр мегардад, ки доир ба масъалаҳои марзӣ байни ду кишвар беш аз 100 мулоқоту гуфтугӯи сатҳҳои гуногун сурат гирифта, аз наздики 990 км хатти сарҳадӣ дар бораи беш аз 602 километр ё ҳудуди 61% аз он тасвири лоиҳавӣ таҳия ва аз ду тараф мувофиқа гаштааст. Аммо тибқи изҳори Вазири корҳои хориҷии ҶТ аз 23.09.2022, ҷониби Қирғизистон АЗ ИМЗО ВА РАСМИЯТ бахшидани мувофиқаи ҳосилшуда дар бораи ин бахш аз сарҳадҳои давлатӣ (61%) низ худдорӣ намуда истодаанд.

Дар идома таъкид мегардад, ки доир ба 39%-и боқимондаи хатти сарҳадӣ феълан вазъияти печидаву муайянношуда идома дорад. Дар ин қитъаҳо бо сабабҳои баҳсӣ боқӣ мондани масъалаҳое чун истифодаи оби нӯшиданиву полезӣ, замини истиқоматию кишоварзию чарогоҳ, роҳу пулу гузаргоҳ, хатти барқу захираҳои табиӣ ва ҳатто қабристон ҳар гоҳ байни сокинон ихтилофу низоъҳо сар зада, солҳои охир моҳияти хунин мегиранд. Дар чунин вазъият, риоя нашудани қарордодҳои ҷузъии дуҷониба дар бораи мақом ва истифодаи қитъа ва иншооти мушаххаси наздисарҳадӣ, ки дар солҳои охир ба имзо расидаанд, вазъиятро боз ҳам печидаву ноустувортар мегардонад. (Намунаи ахири он соли 2021 аз созишномаи соли 2006 дар бораи иҷораи замин баромадани Қирғизистон аст, ки эътимоди байнисарҳадиро амалан аз байн мебарад.)

Нуктаи дигари МУҲИМ, ки дар ин бахши мақола зикр ёфтааст, ин аз ҷониби Қирғизистон соли 1999 бо фарогирии аксари қитъаҳои баҳсӣ ТАЪСИС ДОДАНИ ВИЛОЯТИ НАВИ БОТКАНД (Баткент) ва бо қабули қонуни махсуси миллӣ «Дар бораи мақоми вилояти Ботканд» (№113 аз 10-уми сентябри соли 2021) ин вилоятро амалан ба ҲАВЗАИ МАХСУСИ ҲАРБИВУ МУДОФИАВӢ табдил карда, ҳатто ба низоъҳои маишиву иҷтимоии аҳолии минтақаҳои сарҳадӣ МОҲИЯТИ ҲАРБИВУ СИЁСӢ мебахшад.

Банди 14-уми ин қонун мушаххасан пешбинӣ мекунад, ки дар ин вилоят (дар заминҳои қонунии Тоҷикистон) бо додани имтиёзҳои бисёр зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ, шумораи аҳолӣ ва нуктаҳои АҲОЛИНИШИНИ ҚИРҒИЗӢ ба таври МАҚСАДНОК зиёд карда шавад.

Қонуни нави ин кишвар, ки 20-уми октябри соли 2022 қабул гашт, ҳатто мусаллаҳкунии саросарии сокинони ин деҳаҳои амалан ғайриқонуниро пешбинӣ мекунад. Чунин ҳолатҳо дар маҷмӯъ, ба ҷойи ОСОНТАР кардани ҳалли масъала, имкони ба НИЗОИ МУСАЛЛАҲИ ВАСЕЪ ВА БАЙНИДАВЛАТӢ табдил ёфтани баҳсро рӯз аз рӯз зиёдтар мекунад.

 

Муртазоқулов М. Р. – дотсенти кафедраи системаҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва барномарезӣ

You might also like