Мақоми ифтихорӣ дар озмуни вилоятӣ
21 декабри соли 2022 дар толори қабули расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маросими қадршиносии ғолибони озмунҳои «Донишҷӯи сол – 2022» ва «Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилоят» баргузор гардид. Дар бахши ихтироъ ва навоварӣ Далер Қосимов – мудири озмоишгоҳи инноватсионии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҷиҳати ихтирои «Тарзи сохтани қабатҳои равшанкунанда аз оксиди кремний» бо дипломи дараҷаи сеюм ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1000 сомонӣ сарфароз гардонда шуд. Ба Далер Қосимов Диплому мукофотпулиро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода тақдим кард.
Дар маросими қадршиносии ғолибони озмунҳои вилоятӣ муовини ректор оид ба корҳои таълим Ҳаким Ғаюров низ иштирок дошт.


