Истиқболи ҷоизадори Чемпионати ҷаҳон аз рӯи намуди бокс

Кормандон ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шаҳбоз Ҳайитовро, ки дар чемпионати ҷаҳон оид ба бокс, ки дар Федератсияи Русия доир гардида, ба гирифтани мақоми дуюм сазовор шуда буд, истиқбол намуданд.

Ёдовар мешавем, ки донишҷӯи донишгоҳи мо дар ин мусобиқа дар вазни 86 кг баромад карда, ба панҷ ҳарифаш дастболо гардида ба гирифтани медали нуқраи мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи намуди бокс комёб гардида буд.Шаҳбоз Ҳайитов  ҷиҳати пазироӣ ба раёсати донишгоҳ изҳори миннатдорӣ баён кард.

You might also like