Мавқеи Тоҷикистон- мавқеи мо ҷавонон
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон озмуни “Донандаи беҳтарин”-и мақолаи Абдуллои Раҳнамо таҳти унвони “Мавқеи Тоҷикистон ва ё чаро Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?” байни донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ гузаронида шуд. Дар озмуни мазкур наздик 50 нафар донишҷӯён аз шаш факултети донишгоҳ иштирок намуда, байни ҳам рақобат карданд.
Ҳайати ҳакамон ба ҳар иштирокчӣ се саволӣ дар доираи мақолаи таҳлилии Абдуллои Раҳнамо бо номи “Мавқеи Тоҷикистон ва ё чаро Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?” пешниҳод намуда, ба дониши иштирокчиён баҳогузорӣ карданд.
Ғолибони озмуни мазкур санаи 16 декабр дар вазъияти тантанавӣ бо тӯҳфаҳои хотиравии раёсати донишгоҳ қадршиносӣ хоҳанд шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи мақолаи таҳлилии Абдуллои Раҳнамо таҳти унвони “Мавқеи Тоҷикистон ва ё чаро Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?” бо мақсади омӯзиши амиқи таъриху тамаддуни миллати точик ва арҷгузории сарзамин ва марзу буми кишвар байни муҳассилин ва кормандону устодон озмунҳои мухталиф ташкилу баргузор гардида истодааст. Дар ҳар номинатсия ғолибон қадршиносӣ карда мешаванд.















