Истифодаи баҳси марзӣ аз ҷониби хоинон барои иғвоангезӣ байни мардум

Мо мардуми шарифи тоҷик, ки ватандӯсту меҳанпараст ҳастем, ҳамеша баҳри ҳимояи марзу буми кишвари ҷоноҷонамон омода ҳастем. Гузаштагони мо аз Шераку Муқаннаъ ва Спитамен оғоз карда, то Восеъу Айнии бузургвор ва ҳазорҳо мисли онҳо родмардони Ватан баҳри ҳар як пораи кишвар хун рехта, миллату давлати худро ҳимоя намудаанд ва ҷонбозиҳои онҳо барои мо намунаи ибрат ва корнамоист.

Лозим ба ёдоварист, ки даъвоҳои беасоси давлати ҳамсоя  дар масъалаи гирифтану соҳиб шудан ба  маҳалли Ворухи Тоҷикистон мо мардуми банангу номуси Тоҷикистонро бетараф гузошта наметавонад. Барои мо ҳар як қитъаи сарзамини ҷоноҷонамон мўътабар аст ва табиист, ки мо зидди ин гуна даъвоҳо ҳастем.

Имрӯз Ворух марзи нангу номус ва ватандориву меҳанпарастӣ мебошад. Аз ватандорию ватандӯстии миллати тоҷик аз азал тамоми ҷаҳониён  дар ҳайрат буданд ва дар ҳайрат хоҳанд монд. Чунки барои мо – меҳанпарастӣ  аз ҳифзи ҳар як ваҷаби кишварамон оғоз ёфта, то сарсабзу  обод намудани он давом меёбад. Ватандӯстиву ватанпарастӣ дар хуни мо ҷорӣ аст!

Ба душманони миллати тоҷик ҳанӯз Фирдавсии бузургвор аз номи тамоми мардуми ватандӯст гуфта буд:

Ҳама сар ба сар ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки хоки кишвар ба душман диҳем!

 

Ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ имрӯз омодааст, ки барои ҳимояи Ватани рӯз то рӯз ободу зебогаштаистодаамон мубориза барад, аммо порае аз ин хоки муқаддасро ба аҷнабӣ намедиҳад. Ҳар як санги кишвар, ҳар як ваҷаби он барои мо азизу мӯътабар аст! Мо ҳамаи онҳоеро, ки бо иқдом ва нияти нек ба кишварамон назар меафкананд бо меҳрубонӣ қабул менамоем, аммо онҳое, ки бо қасадҳои нопок дастдарозӣ карданӣ мешаванд, дасташонро кӯтоҳ менамоем!

Мутаассифона дар ҳар давру замон дар байни халқҳои ҷаҳон хоинҳо низ вуҷуд доранд. Чунончӣ  оид ба масъалаи сарҳади давлатӣ ТЭТ  ҲНИ аз худ чунин хиёнат зоҳир намуда, навори 2 сол қаблии роҳбари  Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчинбек Тошиевро дар бораи Лахшу Мурғоб нашр карданд ва хостанд бо ин роҳ байни мардум дасиса андозанд. Ин хоинон бо мақсадҳои ғаразноки хеш ҳатто баҳси байни ду ҷумҳуриро истифода бурда, омода ҳастанд ки ҳатто ҷанг ташкил намоянд. Аҷоибот дар он аст, ки ин тоифа боз худро ватандӯсту ватанпарвар меноманд! Виҷдон куҷост? Магар шарм намедоранд?!

Маҳз барои ин тоифа аз забони устод Лоҳутӣ гуфтанием, ки :

Ҳама доди Ватанхоҳӣ зананд, аммо намедонам,

Ватанхоҳӣ ба гуфтор аст, ё кирдор, ё ҳарду?

Аз ҷониби дигар айни замон, ки тамоми дунёро беморӣ фаро гирифтаасту, ҳамагон аз паси раҳои ёфтан аз ин вабои аср мебошанд, ин ноинсофҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намуда, мехоҳанд мардумро бо суханҳои бардурӯғ ба гумроҳӣ баранд.

Аз ин лиҳоз, мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин рӯзҳо, ки тамоми дунёро аз як тараф беморӣ ва аз тарафи дигар ҷангҳои иттилоотӣ фаро гирифтааст бояд ҳушёриро аз даст надиҳем. Аз шабакаҳои иҷтимоӣ ҳангоми истифода бурдан бояд ҳушёр бошем, ба суханҳои ин гуна хоинон бовар накунем.

Дар Ватани азизамон, ки имрӯзҳо новобаста аз буҳрони ҷаҳонӣ вазъият тинҷу ором ва сериву пуррӣ мебошад бояд инро нигоҳ дорем. Барои амалӣ намудани дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллатамон аз тамоми имконияҳо истифода барем ва чун ҳарвақта дар паҳлуи Сарвари давлатамон муттаҳид гашта, танҳо дар фикри ободии Ватан, нигоҳ доштани фазои сулҳу субот дар он бошем.

 

Исмоилов Ш.М. – н.и.и., мудири кафедраи технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти ДДҲБСТ

You might also like