Моҷарои сарҳадӣ ҳалли осоишта бояд дошта бошад
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ мақолаи коршинос оид ба масъалаҳои байналмилалӣ Абдуллоҳ Раҳнамо ифшо гардид. Дар мақола муаллиф бо дастрасии ҳуҷҷатҳои расмӣ, факту рақамҳои воқеӣ ба муаммои байни сарҳадии ду кишвари ҳамсоя равшанӣ андохта аст. Муаллиф ишора намудааст, ки низои марзии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки инак наздики сад сол идома дорад, дар солҳои охир моҳияти боз ҳам мураккабу муташанниҷ гирифтааст. Баррасии мавқеъ ва изҳороти намояндагони ҷонибҳо ва арзёбии равандҳои сиёсию иттилоотии атрофи масъала нишон медиҳанд, ки ин буҳрон на танҳо дар ҳоли ҳалшавӣ, балки дар ҳоли амиқшавию васеъшавӣ қарор дорад. Хусусан, ба ин баҳс пайвастани Русия ва созмони СПАД ва даъвати роҳбарияти Қирғизистон аз СММ, САҲА ва ташкилотҳои дигари байналмилалӣ барои «миёнаравӣ» дар ҳалли ин буҳрон, имкони аз як масъалаи маҳаллию байнидавлатӣ ба як баҳси калони минтақавӣ ва байналмилалӣ табдил ёфтани онро боз ҳам бештар намудааст.
То имрӯз дар ин масъала байни ду кишвар беш аз 100 мулоқоту гуфтугӯи сатҳҳои гуногун сурат гирифта, аз наздики 990 км хатти сарҳадӣ дар бораи беш аз 602 километр ё ҳудуди 61% аз он тасвири лоиҳавӣ таҳия ва аз ду тараф мувофиқа гаштааст. Аммо тибқи изҳори Вазири корҳои хориҷии ҶТ аз 23.09.2022, ҷониби Қирғизистон аз имзо ва расмият бахшидани мувофиқаи ҳосилшуда дар бораи ин бахш аз сарҳадҳои давлатӣ (61%) низ худдорӣ менамояд. Омода будани созишнома дар бораи ин бахши марзҳо, гузаштани расмиёти дохилидавлатии он дар Тоҷикистон, омодагии Тоҷикистон барои имзои он ва «бо сабабҳои ба ҷониби Тоҷикистон вобастанабуда» то имрӯз ба имзо нарасидани ин ҳуҷҷат дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо сокинони ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара аз 09.04.2021 низ садо дода буд.
Аммо ҷониби Қирғизистон аз чунин гузоштани масъала ё эътирофи ин воқеият манфиатдор нест, зеро маҳз ҳамин навъи гузориши масъала аз назари қонунӣ пурра ба Тоҷикистон тааллуқ доштани ин заминҳоро исбот мекунад. Аз ин рӯ, ҷониби Қирғизистон дар музокироти марзӣ санадҳои гуногунқурби давраҳои гуногунро, ки асосан ба додугирифти байни хоҷагиҳо, истифодабарии муваққатии заминҳо ё ба таъсиси ташкилотҳои байналмилалӣ дахл доранд, ҳамчун асос пешниҳод мекунад. Бо ин кор Қиргизистон талош мекунад, ки заминҳои аз ҳисоби Тоҷикистон амалан дар ихтиёр доштаи худро расмияти ҳуқуқӣ бахшад.
Бояд қайд намуд, ки дар мақолаи таҳлилии худ Абдуллоҳ Раҳнамо далелҳои асоснокро ба роҳбарӣ гирифта, маводи таҳлилиро ба таваҷҷўҳи омма баровардааст, то ки аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ ба муаммои байнидавлатӣ маълумоти кофӣ пайдо намоянд ва роҳҳи ҳалли онро дарёбанд.
Солиев И.М. – мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурори ДДҲБСТ