Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест
ДДҲБСТ: Баргузориии аксияи тарғиботии тақсими китобчаҳо оид ба мақолаи коршиноси масъалаҳои байналмилалӣ Абдуллоҳи Раҳнамо таҳти унвони “Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?”
07 декабри соли 2022 дар доираи ташкили аксия, мақолаи коршинос оид ба масъалаҳои байналмилалӣ Абдуллоҳи Раҳнамо таҳти унвони “Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?”, дар намуди китобча аз ҷониби донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ ба қисми зиёди донишҷӯёни донишгоҳ тақдим гардид. Дар умум, мақолаи мазкур дар намуди китобча ҳамагӣ 1500 адад бо забони тоҷикӣ ва 500 адад бо забони рӯсӣ ба кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ дастрас шуд.
Ҳамзамон раёсати донишгоҳ ба нақша гирифтааст, ки ҷиҳати боз ҳам беҳтар аз худ намудани мақолаи мазкур аз ҷониби донишҷӯён ва бо мақсади огоҳӣ аз таъриху тамаддуни миллати тоҷик, омӯзиши амиқи сарзамини аҷдодӣ ва ба ин васила баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносии ҷавонон озмун баргузор намояд, ки ҷамъбасти он санаи 16 декабри соли 2022 ба нақша гирифта шудааст. Озмун байни кормандону омӯзгорон ва донишҷуён, магистрантон ва докторантон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, хитоӣ, арабӣ ва дигар забонҳои хориҷӣ аз рӯи наминатсияҳои донандаи беҳтарини мақола, беҳтарин мақола дар доираи мақолаи Абдуллоҳи Раҳнамо, тарғибгари беҳтарини мақолаи мазкур ва беҳтарин навори видеоӣ дар доираи мақолаи мазкур ба роҳ монда мешавад.






