Ҷавонон имрӯз ба роҳнамоӣ ниёз доранд

Суханонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат,  Президенди Ҷумҳурии Тоҷикистон,  мӯхтарам Эмомалӣ  Раҳмон  «Ҷавонон нерӯи фаъолу боғайрат, Кувваи созандаи ҷомеаи моро ташкил медиҳанд. Онҳоро хуб тарбия кардан ва ба роҳи дурусти зиндаги ҳидоят  кардан вазифаи муқаддаси ҳамаи аъзои ҷомеа аст. Зеро ҷавонон ободгарони Ватан, соҳибони ояндаи Тоҷикистони мустақилу демократӣ ва  такягоҳӣ боэътимоди давлати соҳибистиқлол мебошад» дар марҳилаи муосири тараққиёти ҷомеа мазмуни тоза пайдо кардаанд.

Дар воқеъ ҷавонон чун ояндаи миллат ва нигаҳдорандаи фарҳангу ягонагии давлати худ ниёзманди омӯзиш ва шиносоӣ бо таҷрибаи пешқадами инсонӣ мебошанд. Имрӯз ки ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба ҳайси давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба ҳисоб меравад, тарбияи ватанпарастии ҷавонон яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлат ва ҷомеа арзёбӣ мегардад.

Ба саҳифаҳои таърих назар андозем боварӣ ҳосил менамоем, ки  номи ҳар як халқу миллат тавассути илму фарҳанги он, насли ояндасози он оламгир шудааст ва мавқею мароми онро муайян месозад. Асоси баланд бардоштани дарки ватандӯстии ҷавонон ташаккули фарҳанги маънавию сиёсӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва омӯзиши таърихи миллати  худ ба ҳисоб меравад. Миллате, ки ояндаи дурахшони худро дидан мехоҳад бояд ба китоб рӯ орад. Олимони   давру замонҳои гуногун оиди таълиму тарбия, ва ба роҳи дуруст ҳидоят намудани ҷавонон бисёр суханони ҷолибу пурқиммат баён намудаанд.

Ниёгони мо аз азал таранумгари ахлоки некў буданд. Асарҳои бисёр ибратбахши худро ёдгор мондаанд. Аз  ҷумла «Маснавии маьнавӣ», «Гулистон», «Бӯстон», «Қобуснома» ва даҳҳо шоҳкориҳои ахлоқию дастурии ибратбахше мебошанд, ки  ба ахли башар хислатхои хамидаи инсониро талқин мекунанд.

Мутасифона дар замони мо ҷавононе пайдо шудаанд, ки аз мероси бои ниёгон бархурдор набуда, ба рафтору кирдорҳои ношоям аз қабили бадахлоқӣ, шомил шудан ба равияҳои ифротӣ ва дигарҳо ҳамроҳ мегарданд ва шаъни ҷавонони барўманди тоҷикро дар замони ҳозира паст мезананд. Ин падидаҳо шояд нокифоягии таълиму тарбия, ба инобат нагирифтани васияту насиҳати волидон, махсусан устодон бошад.

Чуноне, ки Ҳусайн Воизӣ Кошифӣ дар Футувватномаи султонӣ овардааст: Бидон ки ҳеҷ коре бе устоде муяссар намешавад ва ҳар ки бе устод коре кунад, бебунёд бошад. Нақл аст, ки агар касе ба мартабаи кашфу каромат расад ва корҳои  куллӣ аз ӯ дар вуҷуд ояд ва ӯро устоде (ҳеҷ устоде) ба устоди дуруст набошад, аз ӯ ҳеҷ коре наояд ва кори ӯ ҳеҷ чизро нашояд ва ин ҷо гуфтаанд:

Ҳар киро устод набвад, кор бар бунёд нест,

Дар раҳи маъни рафиқе беҳтар аз устод нест.

Пас, ҳар ки хоҳад, (ки коре) ба асл бошад, ибтидо ба устоди комил бояд кард. Ба ғояти далел равшан аст, бар он ки устод бояд ва бе мутобиати устод аз ҳеҷ кас коре наояд:

Ҳар ки бе устод кард оғози кор,

Кору бори ӯ надорад эътибор,

Домани устод гиру шод шав,

Муддате хидмат куну устод шав.

Бале имрӯз эҷодиёти гузаштагони бузурги  мо фақат воситаи интиқоли меросҳои илмӣ набуда, балки  вай пайвастгари гузаштаву ояндаи  мураббӣ, тарбиятгари  ҷавонон маҳсуб меёбад. Онҳо, махсусан, дар замони ҳозира, ки зимни ҷаҳонишавӣ бисёр арзишҳои маънавии миллӣ коста шуда,  ҷавонон мероси арзандаи ниёгонро фаромӯш карда истодаанд,  чунин рисолатро пайдо менамоянд.

Дар партави гуфтаҳои болоӣ муаммои истифодаи дастовардҳои техника ва технологияи муосир диққатҷалбкунанда аст. Пӯшида нест, ки қисми чавонони муосир дар шароити инқилоби технологӣ, аз ҷумла ба ҳаёт воридшавии компютерҳову телефонҳои мобилӣ таъиноти онҳоро дуруст дарк нанамуда,  аз ҷаҳони реалӣ дур шуда, аз илм бебаҳра монданд. Бозиҳои интернетӣ, сӯҳбатҳои бардавому беҳудаи телефонӣ бар замми харҷи зиёди маблағ ва вақт боз боиси дур рафтани ҷавонон аз маънавиёт мегардад.

Надонистани моҳияти технологияҳои нав ба ин маънӣ омили хеле муҳими муносибат ба онҳо мебошад. Тарзи ба кор андохтан ва хомўш кардани компютер, кушодани файл, чоп, ирсоли нома ва ғайра дониши техникӣ буда, моҳият ва асли истифодаи ин техникаи пешрафтаро шарҳ намедиҳад. Аз гуфтаҳои болои хулоса ин аст, ки  чавононро айбдор нашуморему  якҷоя  ва дар ҳамдастӣ аз паси ислоҳ шавем, то ба оқибати аз ин ҳам вазнин рӯ ба рӯ нашавем.  Агар ҷавонон дониши босифат нагиранд ва ҷойи кории муносибе барои татбиқи илми худ дар Ватан пайдо карда натавонанд, пас чӣ гуна миллат аз ҷавонони дилсарду муҳоҷиру мардикораш умедвори ояндаи нек бошад.

Албатта, дар кишварҳои гуногун имконияти дониши босифат гирифтан ва кори хуб ёфтан барои ҷавонон фарқ мекунад. Дар кишвари мо маориф, кори таълиму тарбия самти афзалиятноки сиёсат дониста шудааст, ба ин соҳа маблағҳои калони буҷетӣ равона мегардад, вале на ҳама вақт натиҷа фақат ба маблағ вобаста мебошад. Дар ин маврид фаъолнокӣ, равиши шахсият, хоҳишу ваҷҳи тарафҳо, яъне истифодаи пурраи имкониятҳо ва натиҷаи корҳои тарбиявӣ нақши ҳалкунанда мебозанд.

Чавонон кувваи бузург шуда метавонанд фақат ба шарте ким о калонсолон бо онҳо ҳамроҳ бошем. Албатта, ҳамкориву ҳамоҳангсозии фаъолиятҳои ниҳодҳои давлатӣ ва ғайридавлатиро ба хотири беҳбудии вазъи тарбияи  ҷавонони имрўз, ки фардои миллат аз онҳо вобастагӣ дорад, густариш бахшидан бағоят муҳим аст.

Аз ин гуфтаҳо хулоса ин аст:  чи хеле, ки  ҳар як падару модар барои тарбияи фарзандонашон дар оила тадбирҳои заруриро меандешанд, насли калонсол беистисно барои ҳамаи насли наврас масъулият ҳис намоянд ва дар ташаккули шахсияти онҳо саҳмгузор бошанд.

Қодирова М.Д. ассистенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии ДДҲБСТ

You might also like