Баргузории мусобиқаҳои варзишӣ байни донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносӣ

30 ноябри соли 2022 дар асоси нақша – чорабиниҳои тасдиқнамудаи факултети ҳуқуқшиносӣ бахшида ба санаҳои таърихӣ 30 – солагии Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмааи варзишии донишгоҳ байни донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносӣ мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намуди волейбол, шоҳмот, шашка ва тенниси рӯи миз ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар ҳар намуди мусобиқа ҳакамон аз ҳисоби муаллимони тарбияи ҷисмонии донишгоҳ ба маҳорати варзишгарон баҳогузорӣ намуданд.
Ҳадафи баргузории мусобиқаҳои мазкур ҷалби донишҷӯён ба варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ба ин васила пешгирӣ аз ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ роҳандозӣ шудааст. Садорати факултети мазкур дар ҷараёни баргузории мусобиқаҳои варзишӣ иштирок карда, донишҷӯёнро ба машғул гардидан ба варзиш ҳидоят намуданд.
Дар натиҷаи мусобиқа ғолибони ҳар чор намуди варзиш муайян гардида бо Ифтихорномаву Сипосномаҳои садорати факултети ҳуқуқшиносӣ қадрдонӣ хоҳанд шуд.

You might also like