ОН ЧӢ АЁН АСТ, ҲОҶАТ БА БАЁН НЕСТ
Мақолаи Абдуллоҳи Раҳнамо, коршинос оид ба масъалаҳои байналмилалӣ навишташуда бори дигар ба таври возеҳ нишон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон сабабгори ҷангҳои рухдодаи соли ҷорӣ намебошад. Сабабгори ҷанги марзӣ Ҷумҳурии Қирғизистон мебошад, зеро ин вазъият ба нафъи Қирғизистон мебошад. Аз маводҳои овардашуда бармеояд, ки аз лиҳози қонунӣ ҳақ бар ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бинобари ин ҳамсоя кишвари мо роҳи дигари баромадан аз ин вазъиятро интихоб намудааст. Ба таври дигар гуем тактика ё усли ҷабдидаро мехоҳад нишон диҳад. Маводҳои коршиноси байналмилалии кишвар Абдуллоҳи Раҳнамо пешниҳоднамуда тасдиқ менамоянд, ки аз рўи меъёрҳои байналхалқӣ низ ҳақ барҷониби кишвари мо мебошад. Аз ин лиҳоз Қирғизистонро зарур аст, ки кишвари моро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари таҷовузкор нишон дода, худашро мусичаи бегуноҳ барорад. Бинобар ин аз усули задану гурехтан истифода намуда, бо ҳар роҳу восита ва баҳона дар ягон гушаю канори сарҳад вазъияти ҷангиро ташкил намуда, онро тариқи ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ паҳну пахш менамояд.
Рафтори Ҷумҳурии Қирғизистон шабоҳати ҷиноятҳои пешакӣ банақшагирифтаро мемонад. Ду ҳодисаи задухўрди сарҳадӣ дар соли ҷорӣ мисоли гуфтаҳои болост. Дар ҳар дуи ин ҳодисаи сарҳадӣ ҷои онки масъаларо ҳарчи зудтар бо роҳи дипломатӣ тариқи дуҷони ҳал намудан, бо ҳар баҳона гуфтушунидро кашола намуда ё бо вуҷуди гуфтушунид намудан низоъро давом медиҳанд. Дар баробари ин дар сатҳои гуногун ба ин тараф ва он тараф даву тоз намуда, кишвари моро гунаҳкор кардани мешавад. Чунин ба назар мерасад, ки ҳамсоякишвар намехоҳад сари мизи гуфтушунид нишинад ва масъаларо ҳачун ду давлати дусту бародар ҳал намояд. Зеро масъалаи сарҳадиро пеш аз ҳама бояд бо роҳи дуҷониба ҳал намоянд. Мақолаи коршиноси тоҷик нишон медиҳад, ки Қирғизистон ҳудудҳои аз ҳисоби Тоҷикистон ҳамроҳнамударо ба ҳеҷ вачҳ додани нест. Бинобари ин барои нафрати мардуми кишварашро нисбати кишвари мо зиёд намудан чунин бозиҳоро анҷом додаистодааст. Ба назар чунин мерасад, ки ҷониби Қирғизистон барои бештару зиёдтар талафот додани одамон алалхусус мардуми осоишта, ки мазҳ ҷонибдори ҷангу низоъ нестанд мекушад. Чунки чи қадар зарар ва талафоти ҷони зиёд шавад ҳамон қадар нафрати мардум зиёд шуда, хостори бо роҳи қувва ҳал намудани масъалаи сарҳадӣ мегарданд.
Аз дигар ҷониб Қирғизистон хуб медонад, ки ин ҳудудҳо аз Тоҷикистонанд, зеро на онқадар вақти зиёд гузаштааст, ки қирғизҳо ин заминҳоро ғасб карда гирифтаанд. Яъне калонсолон хуб медонад, ки ин ҳудудҳо аз ки мебошаднд. Бинобари ин дар ҳолати сар задани ҷанг онҳо барои ин ҳудудҳо, ки таърихан аз онҳо нест ҷанг намекунанд. Барои ҳамин ҳукумати Қирғизистон чунин сиёсатро пеш гирифтааст. Ҳукумати Қирғизистон дар минтақаҳои муайяннагардида ё инки аз ҷониби Тоҷикистон ҳамчун ҳудуди Қирғизистон эътироф нагардида ба аҳолии худашон замини наздиҳавлигӣ ва барои истифодаи дигар чизҳо медиҳад, токи дар онянда онҳо муқимии ин ҷо шуда барои хонаву дар, молу мулки худ мубориза баранд. Тасдиқи гуфтаҳоро метавон боз аз мақолаи коршиноси байналмилалии тоҷик Абдуллоҳи Раҳнамо овард, ки гуфтааст: “Дар баробари “баҳси ҳуҷҷатҳо”, ҷониби Қирғизистон дар ин баҳс гоҳо “баҳси харитаҳо”-ро низ ба миён гузошта, нишон доданӣ мешавад, ки минтақаи Ворух ҳануз пеш аз фурӯпошии ИҶШС дар баъзе харитаҳо чун ҷазира нишон дода шудааст. Албатта, дар солҳои гуногун баъзе ниҳодҳои илмию тадқиқотӣ ва қудратию сиёсӣ харитаҳои гуногунеро ба нашр расонидаанд, ки сарҳадҳои байни ду ҷумҳуриро ба баъзе фарқиятҳо нишон медиҳад. Аммо дар ин бора бояд гуфт, ки аввалан, хатти расмии марзи давлатиро на харитаи чопи як ташкилот, балки ҳуҷҷати имзошудаи расмии давлатӣ ва байнидавлатӣ дар бораи сарҳад муайян мекунад. Илова бар ин, дар аксари ин харитаҳои даврони Шӯравӣ, хусусан дар тамоми харитаҳои Округи ҳарбии Осиёи Марказӣ, ки хусусияти дақиқи низомӣ ва топографӣ доранд, минтақаи Ворух ҳаргиз ҷазира ё эскалав набуда, то охири фаъолияти ин ҳавза (1992) ҳамчун ҷузъи пайвастаи қаламрави Тоҷикистон нишон дода шудааст.
Баръакс, ҳамин харитаҳои дақиқи ҳарбии Иттиҳоди Шӯравӣ ба таври возеҳ нишон медиҳанд, ки то соли 1975 дар минтақаи байни Хоҷаи Аъло ва Ворух нуктаи аҳолинишине бо номи Оқсой умуман вуҷуд надоштааст. Ҳамчунин, дар тамоми бойгониҳои ҳуҷҷатгузории саршумори аҳолӣ ва аҳволи шаҳрвандӣ, то соли 1975 ягон нафар ҳамчун сокини деҳаи Оқсой ба қайд гирифта нашудааст. Ин ҳолат худ таърихи ғасб шудани ин заминҳо Тоҷикистон ва сохтани нуктаҳои нави аҳолинишин дар онҳоро ба хубӣ нишон медиҳад”. Яъне сокинони деҳаи Оқсойро зарур мешавад, ки барои деҳаашон, ки то соли 1975 вуҷуд надошт акнун дар сурати сарзадани ҷанг ва низоъ, биҷанганд.
Дигар нишонаи бо роҳи дипломатӣ не балки бо роҳи қувва ҳал намудани масъалаи сарҳадиро ҷониби Қирғизистон бо харидори намудани яроқу аслиҳаи муосири ҷангӣ нишон додаистодааст.
Инчунин дигар воситае, ки метавонад то андозае сади роҳи ҷангу низоъ гардад ин ҳамкориҳои тиҷоратӣ алалҳусус минёни сокинони наздисарҳадӣ мебошад, ки инро низ Ҷумҳурии Қирғизистон қатъ намудааст.
Аз ҳамаи ин гуфтаҳо метавон чунин хулоса намуд, ки Ҷумҳурии Қирғизистон ба хусус ҳукумати имрўзаи он тамоман дар фикри баргардонидани ҳудудҳои қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошад.
Лекин бо вуҷуди ҳамаи ин мушкилиҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори бо роҳи дипломатӣ сари мизи гуфтушунид ҳал намудани масъалаи сарҳадиро хоҳон мебошад. Умедворем, ки Қирғизистон бо Тоҷикистон сари мизи гуфтушунид нишаста масъалаи сарҳадиро дар асоси манфиатҳои ҳарду ҷониб ҳал менамоянд.
Давлатов У.Н. – муаллими калони кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ