Анҷумани саодат – оғози рушду шукуфоӣ
1 декабри соли 2022 дар толори лексионии инноватсионии Маркази таҳсилоти рақамии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба муносибати 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти судманд баргузор шуд. Дар вохӯрӣ вакили Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғаффорхон Муҳиддинов ва иштирокчии Иҷлосияи XVI Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Эркаев С.А. иштирок ва баромад карданд. Ҳамзамон дар чорабинӣ сардори раёсати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва рушди инноватсионӣ Зарина Самадова , мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон Мунира Набиҷонова ва донишҷӯёни факултети баҳисобгирӣ ва андоз ширкат карданд.
Нахуст, декани факултети мазкур Абдуқаҳор Орипов меҳмононро муаррифӣ кард ва нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таърихи кишвари соҳибистиқлоламон ҷиҳати расидан ба сулҳи комил муҳим арзёбӣ кард. Сипас, меҳмонон-иштирокчиёни Иҷлосияи тақдирсоз баромад карда, иброз доштанд, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ аз санаи 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар қасри Арбоб доир гардид ва дар ин рӯзҳо чандин барномаву қонунҳо қабул гардиданд, ки ба ояндаи дурахшони кишвар заминаи мусоид фароҳам овард. Илова шуд, ки бешубҳа Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳури Тоҷикистон фазои нави сиёсӣ, буда дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуд. Маҳз ҳамин Иҷлосияи тақдирсоз бақои миллатро таъин намуда, дастгоҳи нави давлатиро, ки омили пешрафту тараққиёти ҷомеа мебошад, рӯи кор овард.
Аз донишҷӯён даъват ба амал оварда шуд, ки таърихи давлату миллати хешро омӯзанд ва ба санаҳои муқаддасу таърихӣ арҷгузор бошанд.Дар интиҳо ба меҳмонон туҳфаҳои хотиравии раёсати донишгоҳ тақдим карда шуд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа




