Азҳампошии оилаҳои ҷавон, хушунати хонаводагӣ ва роҳҳои пешгирии он

29 ноябри соли 2022 дар маҷлисгоҳи Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо мақсади пешгирии азҳампошии оилаҳо, мубориза бар зидди хушунати оилавӣ дар доираи маъракаи иттилоотии  «16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат»  мизи мудаввар доир гардид. Дар мизи гирд сармутахассиси раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД-и вилояти Суғд Нафисахон Нурматова, сармутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД-и  шаҳри Хуҷанд Зайнура Шарипова, директори ташкилоти тарзи ҳаёти солим дар вилояти Суғд Зуфнуна Хоҷаева, намояндаи ташкилоти ҷамъиятии “Чашмаи меҳр” Бобоева Р. ва директори фонди “Рушди ҷомеа” Бахтиёр Абдуҷабборов иштирок ва баромад карданд.

Мизи мудавварро мудири бахши кор бо занон ва донишҷӯёни донишгоҳ Шарафнисо Олимбоева ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба иштирокчиён муаррифӣ кард ва мавзӯи мизи гирдро муҳиму саривақтӣ маънидод намуд.

Зимни баромади хеш   робарону намояндагони  идораву ташкилотҳои дахлдор дар мавриди сабабу омилҳои ба хушунат гирифтор шудани занону бонувон ва роҳҳои пешгирии он ибрози андеша карданд.

Қайд карда шуд, ки  маъракаи иттилоотии  «16 рӯзи мубориза бар зидди зӯроварии гендерӣ» дар тамоми кишварҳо бо қарори махсуси СММ 25 ноябр оғоз шуда, 10 декабр анҷом меёбад, ҳамзамон, бо мақсади мубориза ба ВНМО санаи 1 декабр ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо ВНМО шинохта шуда, чорабиниҳои мухталиф роҳандозӣ карда мешаванд.

Дар идома, директори ташкилоти тарзи ҳаёти солим дар вилояти Суғд Зуфнуна Хоҷаева перомуни ВНМО сабабу омилҳои гирифторӣ ба ин беморӣ, роҳҳои гузариши беморӣ ва пешгирӣ ва гирифторшавӣ ба  бемориии мазкур ибрози андеша кард.

Ҳадафи мизи мудаввар баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, мубориза ба хушунати хонаводагӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим арзёбӣ карда шуд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like