Онлайн-лексия: имконияти нав барои устодон ва донишҷӯён

Дар толори лексионии иннноватсионии Маркази таҳсилоти рақамии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон силсилаи онлайн-лексияҳое, ки дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии аграрии Новосибирск ташкил шуда буданд, идома дорад.  Лексияҳо барои донишҷӯёни ихтисосҳои молия ва қарз, кори бонкӣ, менеҷмент, андоз ва андозбандӣ гузаронида шуданд. Дар моҳи ноябри соли 2022 устодони донишгоҳ барои донишҷӯёни Русия 2 лексия хонданд ва донишҷӯёни ДДҲБСТ дар 3 лексияи устодон – иқтисодшиносони Русия иштирок намуданд. Бояд қайд намуд, ки лексияҳо дар мавзӯҳои актуалии бо амалия алоқаманд, аз он ҷумла оид ба масъалаҳои идоракунии бозорҳои молия, хусусиятҳои молияи муассиса дар иқтисодиёти инноватсионӣ, инчунин талаботҳо нисбати менеҷер дар замони муосир ташкил гардиданд.

Онлайн-лексияҳо имкониятҳои нав ҳам барои устодон, ҳам барои донишҷӯён пайдо кард. Донишҷӯён бо услулҳои нави таълимӣ ва нуктаи назари хориҷиҳо ба масъалаҳои асосии иқтисодӣ шинос мешаванд ва устодон таҷрибаи дарсдиҳиро тариқи онлайнӣ меомӯзанд.

 

 

 

You might also like