Муаммоҳои мубрами ҳамкориҳои давлатҳои аъзои СААД ва Созмони ҳамкории АвруОсиё дар соҳаи иҷтимоӣ ва гуманитарӣ
Шуруъ аз санаи 22.11.2022 то 27.11.2022 дар асоси даъвати Донишгоҳи давлатии академии илмҳои гуманитарии Федератсияи Русия ва Академияи минтақавии Русия дар Арманистон ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, профессор Муъмин Шарифзода, мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Надежда Блиничкина ва мудири кафедраи сиёсатшиносӣ Шуҳрат Саидзода дар конференсияи байналмилалии илмию амалӣ таҳти унвони “Муаммоҳои мубрами ҳамкориҳои давлатҳои аъзои СААД ва Созмони ҳамкории АвруОсиё дар соҳаи иҷтимоӣ ва гуманитарӣ” иштирок намуданд.
Шарифзода М.М. дар ҷаласаи пленарӣ дар мавзӯи «Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар системаи муносибатҳои байналхалқӣ дар соҳаи маориф» ва доир ба имкониятҳо ва ҳадафҳои рушди ҳамкориҳо бо муассисаҳои олии таълимии давлатҳои хориҷӣ андешаҳои хешро дар назди иштирокчиён баён кард. Қайд гардид, ки ДДҲБСТ барои ҳамкориҳои нав омода аст ва самтҳои нави ҳамкорӣ бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим, ба талаботи стандарти ҷаҳонӣ омода намудани барномаҳои таълимӣ, таъмини рақобатпазирии хатмкунандагон ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмӣ дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму маориф самтҳои афзалиятнок маҳсуб меёбад.
Дар бахши кори конференсия, ки таҳти унвони «Ҳамкориҳо дар Осиёи Марказӣ: ташаббусҳои муштарак дар соҳаи илм, маълумоти олӣ ва сиёсати ҷавонон» доир шуд, мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДДҲБСТ Надежда Блиничкина дар мавзӯи «Масъалаҳои таъмини бехатарии иқтисодӣ дар доираи СААД дар шароити тағйири низоми муносибатҳои иқтисодии ҷаҳонӣ» ва мудири кафедраи сиёсатшиносии донишгоҳ Шуҳрат Саидзода дар мавзӯи «Нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешгирии терроризм ва экстремизм дар доираи СААД» маърӯза намуданд. Дар баромадҳо оид ба роҳҳои рушди сиёсати давлатҳои СААД дар соҳаи илму маориф, мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм, кор бо ҷавонон, инчунин ҳамгироӣ дар соҳаи иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла, дар соҳаи таълим, илм ва инноватсия андешаронӣ карда шуд.
Ҳадафи конференсияи байналмилалӣ гузаронидани ҷаласаҳои илмӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамгироӣ дар АвруОсиё, ташкили ҳамкориҳо байни намояндагони донишгоҳҳое, ки дар конференсия иштирок намуданд, муайян намудани роҳҳои рушди ҳамгироӣ дар соҳаи илм ва маориф дар АвруОсиё, ташкили низоми ҳамкории донишгоҳҳо бо мақсади ҳал ва пешгирии муаммоҳо дар соҳаи илм ва маориф ва баланд бардоштани сифати таҳсилот арзёбӣ карда шуд.
Ҳамчунин дар ҷамъбасти кори конференсия ҳамкориҳои минбаъда таҳлилу баррасӣ шуданд. Дар нақша чанд намуди фаъолият, аз ҷумла, ташкили ҳамкорӣ дар соҳаи табодули донишҷӯёну омӯзгорон, роҳбарии корҳои илмии устодону донишҷӯён, ташкили чорабиниҳои фарҳангии Тоҷикистон дар донишгоҳҳои ҳамкор, омода намудани маводҳои дарсӣ ва китобҳои таълимӣ, ташкили барномаҳои таълимӣ дар ҳамкорӣ муайян карда шуданд.
Дар натиҷаи сафар алоқаҳои ҳамкориҳо барои оянда байни ДДҲБСТ ва донишгоҳҳои Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Арманистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон ба нақша гирифта шуд






