Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҳуҷҷати тақдирсоз дар сохти давлатдории навини тоҷикон
Дар замони муосир яке аз нишонаҳои асосии давлати ҳуқуқбунёди демократӣ ҷой доштани қонуни ба талаботи ҷомеа ҷавобгў мебошад. Чӣ хеле, ки аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифаҳои асосии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аз эътироф, риоя ва ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд иборат аст, ки он ба ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ умумӣ буда, ҳамчун ӯҳдадории давлат аз Конститутсия сарчашма мегирад. Ин ҳуқуқу озодиҳо мазмун ва моҳияти истифодаи қонунҳо, фаъолияти мақомоти қонунгузор, иҷроия ва худидораи маҳаллиро муайян месозанд, ки он бо адолати судӣ таъмин карда мешаванд.
Дар ҳақиқат баъди барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ зарурати қабули Конститутсияи нав ба миён омад, то ки асосҳои бунёдии ҷомеа, шакли идораи давлат ва дигар арзишҳои давлатдорӣ муайян карда шаванд.
Дар ҳақиқат нимаи дуюми садаи XX ба халқи тоҷик муяссар гашт, то баъди гузашти ҳазорсолаҳо аз нав соҳиби давлати миллии худ гардад, аз нав ба ҷаҳониён оид ба соҳибдавлату соҳибтамаддун будани худ дарак диҳад, аз нав тоҷи давлатдориро дар сар гузошта, давлатеро бо номи Тоҷикистон дар харитаи сиёсии ҷаҳон эҳё намояд.
Чӣ тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба нақши муҳими Конститутсияи ҶТ дар роҳи давлатсозиву давлатдории навини тоҷикон дар Паёми навбатӣ баён намуданд ва дар ин замина ислоҳоти қонунгузорие, ки дар ҶТ амалӣ карда шуд, аҳамияти муҳими ҳуқуқию сиёсӣ дорад. Кабули Конститутсия ба ислоҳоти ҳуқуқӣ дар кишвар асос гузошта , ҷараёни қонунгузории давлати мо ба куллӣ тағйир ва инкишоф ёфт.
Табиист, ки таъмини пешрафти ҷомеа дар заминаи шароиту хусусиятҳои маҳалливу миллӣ, қабул ва такмили қонунгузории миллиро талаб менамояд. Ҳамчун як давраи нави рушди давлатдории миллӣ ба ҳисоб рафта, ин санади тақдирсозро боз ҳам мукаммал гардидонида, ба ташаккул ва инкишофи падидаҳои ҳуқуқӣ –конститутсионӣ, ба мукаммал гаштани таҷрибаи тадбиқи ин падидаҳо мусоидат намуданд.
Дар робита бо пазируфта шудани ғояи давлати ҳуқуқбунёд дар меъёрҳои Конститутсияи ҶТ арзишҳои давлатдории ҳуқуқбунёд эътироф шудаанд. Аз ҷумла, арзиши олии инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ў, дахлнопазир будани ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон эътироф шуда, халқи Тоҷикистон баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон гашта, раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ пазируфта шуданд. Инчунин таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба қонунгузор, иҷроия ва судӣ, эътибори олии ҳуқуқии Конститутсияи ҶТ, мустақиман амал намудани меъёрҳои конститутсионӣ, мувофиқати ҳамаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба Конститутсияи ҶТ, риоя ва иҷрои ҳатмии Конститутсия аз арзишҳои дигари давлати ҳуқукбунёд пазируфта шудаанд.
Дар сатҳи Конститутсия эътироф гардидани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон, беҳтарин арзише, ки аз хоҳишу иродаи мардуми шарафманди кишварамон вобаста буд, ба ҳисоб меравад.
Ин раҳнамоиҳои сарвари давлат бидуни шак дар кори ислоҳоти соҳаи ҳуқуқи кишвар ва ба хусус ба ҳимояи ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд равона гардидааст, такони ҷиддие хоҳад бахшид.
Хамин тавр, Конститутсия ҳамчун қонуни асосии давлат муҳимтарин омили пешрафти қонунгузории ҶТ ва давлату миллат мебошад. Аммо муҳимтар аз ҳама он аст, ки миллати мо азму иродаи қавӣ ва самти дурусти зиндагӣ дорад ва ин фазилатҳо миллатро дар ҳама давру замон аз ҳама душвориҳо берун хоҳад овард.
Раҳматова З.М.-дотсенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионии ДДҲБСТ