ДДҲБСТ: Баргузории чорабиниҳои мухталиф ба муносибати Рӯзи Парчами миллӣ

 

Ба истиқболи Рӯзи Парчами миллӣ, ки имсол 30 солагиашро таҷлил менамоем  дар тамоми факултетҳову кафедраҳо чорабиниҳои гуногун аз қабили: дарсҳои кушоду намунавии тарбиявӣ, мизҳои мудаввар ва конференсияҳо доир гардиданд.

 Чорабиниҳо таҳти унвони “Парчам-рамзи муқаддаси Ҷумҳурии Тоҷикистон” «Парчам-рамзи истиқлолияти давлатист», «Парчамат поянда бод-Тоҷикистони азиз!» доир шуда, дар он устодону донишҷӯён дар мавзӯҳои алоҳида баромад намуданд.

Дар хобгоҳи донишгоҳ низ бо ташаббуси китобхонаи илмии донишгоҳ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ доир шуд. 

Дар чорабиниҳо баромадкунандагон дар мавриди таърихи пайдоиши Парчами миллӣ маълумот доданд. Иброз шуд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанўз 24 ноябри соли 1992 аз ҷониби Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида буд. Минбаъд ин сана ҳамчун ҷашни умумимиллӣ аввалин маротиба рўзи 24 ноябри соли 2009 бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва соҳибистиқлолию соҳибихтиёрӣ, яъне баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» бошукўҳ Рўзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон – 24 ноябр ҷашн гирифта шуд. Дар саросари кишвар вобаста ба он ҷашнвораю ҷамъомад ва маъракаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангию варзишӣ баргузор гардиданд.

Эҳтироми волои рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ буда, дар ҳама ҳолат ба рамзҳои давлатӣ чунин муносибатро ба роҳ мондан зарур аст ва ҳадафи силсилачорабиниҳо ба ифтихори ин санаи муқаддас низ ҳамин мебошад.

Боиси хушнудист, ки имсол таҷлили Рӯзи Парчам дар рӯзҳои рост омад, ки мардуми сарбаланди мамлакат 30-юмин солгарди Иҷлосияи тақдирсозро истиқбол намуда, бо рӯҳияи баланд аз 30-солагии Рӯзи Парчами миллӣ низ  таҷлил карданд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like