Табрикоти ректор, профессор Шарифзода М.М. бахшида ба Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Устодони гиромӣ, донишҷӯёни азиз!

Боиси ифтихору сарфарозист, ки имсол ҷомеаи меҳнатии донишгоҳи мо зери таассуротҳои наҷиб аз ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин маъвои хирад ва таҷлили бошукӯҳи 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  руҳияи болида аз музаффариятҳо Рўзи Парчами давлатиро таҷлил менамоянд.

Сӣ сол муқаддам, Парчами давлатии Тоҷикистон дар Иҷлосияи XVI Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, дар он вазъи ҳассоси кишвар дар замири мардуми меҳан эҳсоси миллиро такон ва қувваҳои солими ҷомеаро муттаҳид сохт. Маҳз, зери Парчами давлатӣ нерӯҳои содиқ ба Ватану миллат сарҷамъ гардиданд ва дар кишвар сулҳу субот, иттиҳоди қавии кулли сокинони мамлакат таъмин карда шуд. Гарчанде, имрӯз мо 30-юмин солгарди Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуда истода бошем, фаромӯш набояд кард, ки миллати тоҷик дар таърихи тӯлонии худ ҳазорсолаҳо соҳиби парчам буд.   

Дар воқеъ, Парчам рамзи озодӣ, шукуфоӣ, ояндаи дурахшон ва мояи ифтихори ҳар халқи соҳибдавлат буда, ҳар фарди бонангу номусро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳои соҳибистиқлолӣ ва ваҳдату ягонагӣ ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ ҳидоят менамояд.

Таҷлили ин санаи фархунда дар замири ҳар фард эҳсоси ватандӯстиро афзун менамояд. Ба ин маънӣ Сарвари давлат таъкид намудаанд: “Парчами давлатӣ барои мо – тоҷикон нишонаи бақои миллат, ваҳдату ягонагӣ, ҳуввияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ифтихор  аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои  таъриху фарҳанги халқамон мебошад.”

Маҳз, бо шарофати Парчами давлатӣ имрўз номи давлати тоҷикон  вирди забони ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар қатори парчами давлатҳои соҳибихтиёри дунё, дар саҳни бинои Созмони Милали Муттаҳид парафшон гардида, аз ҳастӣ, шаъну шараф ва обрўю эътибори давлати Тоҷикистон, миллати саодатманди тоҷик шаҳодат медиҳад. 

Шинохти муқаддасоти миллӣ чун Парчам ҳар як фарди ҷомеаро ба сўи муттаҳидӣ, ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ раҳнамоӣ намуда, садоқату парастиши ҳар шаҳрвандро ба ин марзу бум меафзояд ва озими амалҳои нек мегардонад.  

Парчами миллӣ имкон дод, ки ба давлати худ бо диди нав назар андозем, ба таърихи гузаштаамон бо чашми ибрат нигоҳ кунем ва ба сӯи ояндаи дурахшони давлату миллат бо эътимоди қавӣ қадамҳои устувор гузорем. 

Бигзор, Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҳамчун муқаддасоти бегазанди миллӣ бар сари миллати сарбаланди тоҷик парафшон ва роҳнамои ояндаи дурахшон бошад. 

Бо истифода аз фурсати муносиб, бори дигар ҳамаи Шуморо бо Рўзи Парчами давлатӣ муборакбод намуда, бароятон тансиҳатӣ, рўзгори осуда ва дар фаъолияти минбаъдаатон комёбиҳои беназир таманно дорам. 

Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!

You might also like