Ташрифи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Парки технологии ДДҲБСТ

Гуруҳи кории муштараки намояндагони идораву ташкилотҳои давлатӣ ва байналмилалӣ аз Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дидан намуданд. Дар ин вохӯрӣ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода, роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Раймундас Кароблис, намояндаи Юнисефи Тоҷикистон Фарангис Туйгуншоева иштирок карданд.
Меҳмононро ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода дар Парки техноогии донишгоҳ истиқбол намуд. Дар мулоқот масоили рушди ҳамкориҳои вазорату созмонҳо ва донишгоҳ баррасӣ шуд.
Дар рафти вохӯрӣ меҳмонон бо аъзои Парки технодогии донишгоҳ мулоқот намуданд. Зимни суҳбат ба масъалаҳои рушди шуғли фосилавӣ ва омодасозии ҷавонон ба оғози фаъолияти касбӣ таваҷҷӯҳ зоҳир гардид. Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода зимни сухан гуфтан аҳамияти фароҳам овардани имкониятҳои рушди ҷавононро бо дурнамои шуғли босифат ва баланд бардоштани рақобатпазирии онҳо дар бозорҳои меҳнатии маҳаллӣ ва ҷаҳонӣ қайд кард.
Дар идома, волонтёрон ва иштирокчиёни курс аз муваффақиятҳои худ дар Парки технодогии ДДҲБСТ оид ба рушди касбӣ ва шахсӣ суханронӣ намуда, интизориҳои худро дар робита ба омӯзиши малакаву донишҳои муосир иброз доштанд. Онҳо ин курсҳоро дар Маркази шуғли фосилавӣ дар доираи лоиҳаи «Impact sourcing», ки бо дастгирии Юнисефи Тоҷикистон оғоз шудааст, меомӯзанд.
Ҳамчунин қобили зикр аст, ки дар чаҳорчӯби лоиҳаи мазкур дар шаҳри Панҷакент низ чунин як марказ амал мекунад, ки он ҳам бо мусоидати Юнисеф дар Тоҷикистон, Иттиходи Аврупо ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода шудааст.
Меҳмонони ба фаъолияти Парки технодогии донишгоҳ баҳои мусбӣ дода, ба иштирокчиёни ҷавони курс маслиҳатҳои муфид дода, хоҳиши дастгирии ҳамаҷонибаи ташаббусҳои ташкилотро дар самти рушди ҷавонон ва таъмини шуғли наврасон изҳор намуданд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like