Принсипҳои коммуникативии фарҳангии забони хориҷӣ
Донистани забонҳои хориҷӣ талаби замон буда, бо назардошти аҳамияти он Ҳукумати мамлакат ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати забондон ба камол расидани муҳассилин дар муассисаҳои таълимӣ тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд. Бо мақсади амалӣ гардонидани Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кафедраи забони англисии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон семинари таълимию методӣ дар мавзӯи “Принсипҳои коммуникативии фарҳангии забони хориҷӣ” баргузор шуд. Дар семинари мазкур устодону донишҷӯёни кафедраи мазкур, ҳамзамон устодону донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳои вилоят ширкат намуда, дар мавзӯҳои гуногун баромад карданд.
Инчунин дар семинар баромади муаллими калони кафедраи забони хориҷии Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ мавзӯи “Critical Thincing”- шунида шуд. Пас аз ҳар баромади маърӯзакунандагон байни иштирокчиён мулозҳизаронӣ сурат гирифта, устодону донишҷӯён андеҳашояшонро баён карданд.
Ҳадафи семинар мубодилаи таҷриба устодон, роҳҳои муассири ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҷалб намудани муҳассилин, тақвияти донишҳои забонии устодону донишҷӯён арзёбӣ карда шуд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа








