Баргузории озмуни “Дастони моҳир”

Ба муносибати Рӯзи Парчами миллӣ дар факултети баҳисобгирӣ ва андози Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон байни донишҷӯён озмуни “Дастони моҳир” баргузор шуд. Дар озмун намояндагони раёсати донишгоҳ, садорати факултет ва донишҷӯёни факултети мазкур иштирок карданд.
Дар ибтидо қайд гардид, ки озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани маҳорату малака, инкишофи ҷаҳонбинӣ, такмили ҳунар ва дарёфт намудани соҳибистеъдодҳо аз ҳисоби донишҷӯён, омода кардани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ гузаронида мешавад.
Дар ин озмун донишҷӯён аз ҳама кафедраҳо иштирок намуда, ҳунарҳои худро ба ҳакамон нишон доданд.Доварон бо маҳсули меҳнат ва ҳунарҳои довталабон шинос шуда, ба хуришҳо ва шириниҳои омоданамудаи донишҷӯён баҳогузорӣ карданд.
Донишҷӯёне, ки дар озмуни мазкур сазовори холҳои зиёди ҳакамон шуданд ба даври донишгоҳии озмуни мазкур ширкат хоҳанд кард.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like