Парчамат бодо парафшон Тоҷикистони азизам
22 ноябри соли 2022 дар маҷлисгоҳи бинои таълимии 2- и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо ибтикори факултет бизнес ва идоракунӣ конференсияи илмию назариявӣ таҳти унвони “Парчамат – парафшон бод Тоҷикистони азизам” баргузор шуд. Дар ҳамоиш муовини ректор оид ба корҳои илм ва инноватсия, профессор Ризоқулов Т.Р., муовини ректор оид ба корҳои тарбия дотсент Норматова Ш. М. , омӯзгорон ва донишҷӯён ширкат намуданд. Декани факултет, дотсент Тӯразода Ҷ. А. конференсияро оғоз намуда, иброз дошт, ки мардуми шарифи мамлакат дар радифи санаи муҳиму муқаддас, 30- солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30- солагии рӯзи қабули Парчами миллиро истиқбол менамоянд. Боиси хурсандист, ки ба муносибати ин санаҳои таърихиву муқаддас дар донишгоҳи мо чорабиниҳои сиёсиву адабӣ ва маърифати ташкилу баргузор мегардад.
Сипас, тибқи барнома мудири кафедраи маркетинг-агробизнес н.и.и.,дотсент Хӯҷаназарова М. И. ,мудири кафедраи менеҷмент н.и.и., дотсент Шамсиев Ф. К., н.и.и., дотсенти кафедраи иқтисоди ҷаҳонӣ Аминов Д.Ғ. ва н.и.и., дотсенти кафедраи иқтисодиети корхонаҳо ва минтақа Ҷӯраев Ф.М. дар мавзӯҳои мухталиф баромад намуданд.
Иброз шуд, ки дар дарозои таърих миллати бостонии мо парчамро ҳамчун рамзи муқовимату мубориза барои озодиву истиқлолият истифода намуда, ба ғалабаҳои бузург ноил гардидааст. Ойини парчамдории мо – тоҷикон намунаи ибрат барои тамоми халқҳои олам аст. Дар таърихи рушди худ миллати мо ҳамеша парчамдор буд ва Дирафши ковиёнӣ барои мо ҳамеша азизу муқаддас боқӣ мемонад.
Баргузории чорабиниҳои дигар ба муносибати Рӯзи Парчами миллӣ дар донишгоҳ идома дорад.







