САҲМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар давлатҳои пешрафта бо падидаҳои номатлуб ба монанди терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, қочоқи силоҳ, тундгароии мазҳабӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ мунтазам мубориза мебарад. Мубориза бо терроризму ифротгароӣ яке аз ҳадафҳои асосии давлат инчунин самтҳои муҳими сиёсати хориҷӣ ба ҳисоб меравад. Дар банди 2.13 – и Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2015 омадааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори эҷоди василаҳои самарабахши ба ҳам овардани манфиатҳои миллӣ ва кӯшишҳои байналмилалӣ, муттаҳид намудани саъю талошҳои ҳамаи давлатҳо барои омода намудани вокуниши муносиб дар баробари таҳдид ва чолишҳои замони муосир мебошад. Дар сатҳи миллӣ, Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими унсурҳои калидии сиёсати хориҷии худ барои мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, қочоқи силоҳ, тундгароии мазҳабӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, хавфҳои экологӣ, тағйирёбии иқлим ва таҳдидҳои амнияти иттилоотӣ ва озуқаворӣ тадбирҳои сиёсию ҳуқуқӣ, иттилоотию таблиғотӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва махсусро роҳандозӣ менамояд».
Барои тамоман аз байн бурдани чунин падидаҳои номатлуб аз ҷумла дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ ягон кишвари дунё дар танҳоӣ муваффақ буда наметавонад. Аз ин лиҳоз, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт бо шарикони калидӣ ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи худро ба роҳ мондааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътирофи нақши асосии Созмони Миллали Муттаҳид ва Стратегияи умумиҷаҳонии мубориза бо терроризм ва дигар ҳуҷҷатҳои муҳими ин созмон, бо Русия, Чин, ИМА, Иттиҳоди Аврупо, ҶИ Афғонистон, кишварҳои Осиёи Марказӣ, аъзоёни Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ҳамкориро ба роҳ мондааст. Дар ҳақиқат далели он аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкориҳо бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 қабул намудаст. Инчунин, дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ дигар санадҳои муҳимро, яъне Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин ва дигар санадҳои муҳим қабул гаштанд, ки самтҳои асосӣ ва принсипҳои сиёсати Тоҷикистонро муайян менамоянд.
Ғайр аз ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд қатъномаҳои Шӯрои Амнияти СММ (1267 (с.1999), 1373 (с.2001), 1540 (с.2004), 1566 (с.2004), 1617 (с.2005), 1624 (с.2005), 2178 (с.2014), 2242 (с.2015), 2354 (с.2017), 2396 (с.2017) ва ғ.) ва Стратегияи умумиҷаҳонии мубориза бо терроризми Созмонро қабул намуда, бо идораҳои махсуси СММ, аз ҷумла Кумитаи мубориза бо терроризм (CTED) ва Маркази мубориза бо терроризми СММ (CTITF), ҳамкории зичро ба роҳ мондааст. Тоҷикистон пешниҳоди Котиби генералии СММ оид ба ташкили идораи нави созмон – Раёсати мубориза бо терроризмро пурра дастгирӣ намуд, ки он фаъолияти худро пас аз қабули қатъномаи дахлдори Маҷмаи Умумии СММ 15 июни соли 2017 оғоз кард.
Инчунин, дар самти мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ Тоҷикистон қисми зиёди санадҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Конвенсияи байналмилалии СММ оид ба мубориза бо маблағгузории терроризм, ки бо қатъномаи 54/109-и Маҷмаи Умумии СММ аз 9 декабри соли 1999 қабул гаштааст; Конвенсияи байналмилалӣ оид ба мубориза бо терроризми ҳастаӣ аз соли 1997; Конвенсияи Созмони ҳамкории Шанхай оид ба мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва ҷудоихоҳӣ аз 15 июни с. 2001; Конвенсияи СҲШ оид ба муқовимат бо ифротгароӣ аз 9 июни соли 2017 ва ғайраҳоро дастгирӣ ва ба имзо расонидааст.
Ҳуҷҷатҳои қайдгардидаи байналмилалӣ, ки аз ҷониби Тоҷикистон ба имзо расонида шудаанд, далолат медиҳад, ки кишвари мо аке аз давлатҳои фаъоли муборизаи байналмилалӣ бо терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Инчунин, чунин далелҳоро баргузор гаштани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» санаҳои 3-4 майи соли 2018 дар Душанбе бо иштироки намояндагони воломақоми беш аз 50 кишвархои хоричи ва 40 ташкилотҳои байналмилалӣ, тасдиқ менамояд.
Ҳамин тариқ, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти худ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат дар сафи аввали мубориза бо экстремизму терроризм қарор дошта, бо чунин сиёсати устувори худ дар таъмини сулҳу суббот, амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ саҳми ҷиддӣ мегузорад.
Мирмаматова Р.А.- омӯзгори кафедраи муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ