Мардуми тоҷику қирғиз бояд дўсту бародар бошанд
Чӣ тавре, ки маркази матбуоти қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, 27 январи соли 2022 як гурӯҳи шаҳрвандони номаълуми Ҷумҳурии Қирғизистон ба шумори панҷоҳнафар аз ҳисоби сокинони шӯрои деҳаи Оқсои вилояти Бодканд деҳаи Хоҷаи-Аълои ноҳияи Исфара ворид шуда, амалҳои ғайриқонунии ношоистаро ба ҷо оварданд. Дар натиҷаи задухўрдҳо аз ҳар ду тарафи талафоти ҷонӣ низ ба амал омад. Дар ин вазъият кўшишҳои ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Исфараи вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба гуфтушунид, ки мақсади пешгирии чунин амалҳои ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистонро дорад, низ амалӣ нагаштанд: ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон ба мулоқот ҳозир нашуданд.
Ҳамаи амалҳои ношоиста аз он далолат медиҳанд, ки баъзе аз ашхосон то ҳол дарк накардаанд, ки мардуми тоҷику қирғиз ҳамсоя ва дўсту бародар аст ва ин пайванд таърихи садсолаҳо дорад. Дар замоне, ки вазъияти ҷомеаи муосир бисёр муташаниҷ аст ва хатар ба ҳамаи аъзои он таҳдид менамояд, мафҳумҳои «дўсту бародар», «ҳамсоя», «ҳаммарз» бисёр арзиши баланд пайдо мекунанд. Зеро танҳо дар якдилию иттифоқӣ ва ҳамфикрию озодахоҳӣ метавон амнияти Ватанро таъмин намуд.
Беҳуда нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ оид ба пешгирии хатару таҳдидҳои замони муосир таъкид намуданд, ки «Вазъияти тағйирёбандаи ҷаҳони имрўза ва хусусияти устувор пайдо кардани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киерҷиноятҳо ва диар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба тави овардаанд, маро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем».
Мутаассифона, зуҳуроти хатарнок амнияти мардуми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Исфараро халадор намуд ва дар ин васила таъкидҳои Пешвои миллат беҳуда набуданд.
Ҷониби Тоҷикистон тарафдори он, ки муаммоҳои пайдошудаи марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон бо гуфтушуниди тарафайн ва ба эътибор гирифтани манфиатҳои ҳар ду ҷониб гузарад.
Дар чунин вазъият масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии мо аз он иборат аст, ки давлати ҷавони миллӣ, истиқлолияти он ва ҷомеаи худро аз чунин пайомадҳои манфӣ эмин нигоҳ дорем. Тоҷикисон комилан ҷонибдори собитқадами ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мубориза бо тундгароӣ буда, дар он саҳми хешро мегузорад.
Азимова Н.С.- дотсенти кафедраи фанҳои риёзӣ- табиатшиносии муосир