ОДАМОН АЗ ДӮСТӢ ЁБАНД БАХТ

Ҷумҳурии Тоҷикистону Қирғизистон аз аввал давлатҳои бо ҳам дўсту бародар ва ҳамсояи қарин буданд, аммо роҳбарияти феълии ҷониби Қирғизистон имрӯзҳо бо ҳар гуна баҳонаву даъво теша ба решаи чунин робитаҳои дӯстона мезананд. Албатта, муноқишаҳое, ки дар марз сар зада истодаанд сабаби сард гаштани муносибатҳои тарафайн гаштанашон имконпазир аст. Муносибатҳои сардгаштаи ду ҳамсоя мустақиман ба тамоми самтҳои ҳаётан муҳими хоҷагии халқи ду кишвар таъсиргузор хоҳад шуд.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар пайи муноқишаҳои охир дар марз байни Тоҷикистону Қирғизистон музокироти ҳайатҳои расмии ҳукуматҳои ду кишвар баргузор гашт ва ин раванд идома дорад. Яке аз мавзуъҳои марказии музокирот ҳалли низоъ ва ба эътидол овардани вазъ дар қитъаҳои баҳсӣ ба шумор мерафт. Ҳамчунин тарафҳо доир ба тақвияти дўстӣ, ҳамсоядории хуб, эътимод ба якдигар ва ҳалли сулҳомези ҳамагуна якдигарнофаҳмӣ таъкидона ибрози андеша карданд. Ҳайатҳои расмии ҳар ду ҷониб хостанд, ки корҳо дар самти таъин ва аломатгузории хати марзи давлатӣ тақвият дода шавад. Албатта, ҳама гуна низоъ ва мушкилоти ҷомеаро бояд бо роҳи дипломатӣ ва ба манфиати ҳар ду ҷониб ҳал кард, зеро ҷанҷол, муноқиша ва задухўрд роҳи ҳал набуд, нест ва нахоҳад шуд. Ҷониби Бишкекро зарур аст, ки ба вазъи сиёсӣ-иҷтимоии минтақа дуруст баҳо диҳад. Зеро дар раванди зудтағйирёбандаи замони муосир ҳар як нофаҳмӣ агар дар вақташ ҳалли худро наёбад, ба сарчашмаи калони низоъ дар минтақа оварданаш имконпазир мебошад ва ин чиз зидди манофеи тарафайни ду кишвар буда, паёмадҳои нохушро думболагирӣ хоҳад кард, ки таҷрибаи амалиашро мо дар давлатҳои Миср, Сурия, Лубнон ва Украина дидем.

Боз ҳам исроркорона таъкид менамоем, ки ҳангоми ҳалли масъалаҳои марзӣ бояд аз роҳҳои созанда кор гирифт, зеро ки мардуми тоҷику қирғиз бо ҳам дўсту бародар ҳастанд ва рафтуомад доранд, аммо мутаассифона баъзан чунин ҳодисаҳо рух медиҳанд ва иллати нигаронии ҷонибҳо мешаванд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як иддао ва даъвову амалкардҳои ҷониби Қирғизистонро як сӯ намегузорад, дар ин масъала мавқеи Тоҷикистон устувор аст ва доимо талош меварзад, ки масъала бо роҳи гуфтушуниду якдигарфаҳмӣ ва хоса ба манфиати тарафайн дар ояндаи наздик ҳалли худро ёбад.

Мо мардуми тоҷик ҳамсоя – бародарони қирғизро ба дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва зиндагӣ дар фазои ором даъват менамоем ва ҳамзамон изҳор медорем, ки бо зӯри силоҳ касеро мо немегузорем, ки сарҳади тоҷикро рахна намояд!

Юсупова З. Ш. – муаллими калони кафедраи њуќуќи конститутсионии ДДҲБСТ

You might also like