ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ИДЕАЛИ ҶАВОНОН

Дар таърихи рушди ҳар давлат марҳилаҳои тақдирсоз ва гардишҳои ҳалкунандае рух медиҳанд, ки дар  роҳи навсозиҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангии он, худогоҳии  миллӣ ва рушду камоли миллат аҳамияти фавқуллодаро мебозанд. Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби роҳбари давлат овард ва ин дар сарнавишти давлату миллат ва умуман эҳёи Тоҷикистон нақши хеле муҳимро бозид.

Таърихи башар гувоҳ аст, ки нақши шахсият дар дигаргунсозиҳои куллии мамлакат хеле бузург аст ва мо дар давоми 30 соли  истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз шоҳиди он гаштем, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон чун роҳбар ва сиёсатмадори барҷаста дар равандҳои таърихии тақдири мамлакат нақш ва мақоми ҳалкунандаро иҷро намуданд. Дар вазъияте, ки  Ҷумҳурии Тоҷикистонро гурӯҳҳои зидди ҳамдигари ҷангиёни мусаллаҳ фаро гирифта буданд ва ҳукумати фалаҷгардида дар вартаи ҳалокат қарор дошт, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ақлу заковати дурандешонаи хеш тавонистанд, ки парчами Ваҳдатро  дар  кишвар  парафшон созад ва ба меҳани мо сулҳ оваранд.  Халқи бошарафи тоҷик имрӯз ба сӯи ояндаи дурахшон бо нигоҳу умеди нав менигарад.  Натиҷаи ҳамон кӯшишҳои Сарвари давлат буд, ки мамлакат  аз хавфи нобудӣ  наҷот ёфт, хатари барҳамхӯрии  Тоҷикистон аз байн рафт, оташи ҷанги бародаркуш хомӯш гардид, тоҷикони мусофиру гуреза ба кишвари худ баргардонида шуд ва ба Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон ақлу заковати ниёгонӣ, ҳиммату хирад ва пеш аз ҳама ҷасорату диловарӣ лозим омад, ки ин вазифаҳои сангинро сарбаландона ба иҷро расонанд.

Аъзоёни мухолифин, ки мақсади нопок доштанд, дар ин самт  муқобилияти шадид нишон доданд, ҳатто  нерӯҳои мусаллаҳ ташкил намуда, ба зидди  халқ ва ҳукумати қонунии  Тоҷикистон мубориза бурданд. Онҳо бо кӯмаку дастгирии  хӯҷаинҳои худ дар хориҷа  паноҳ бурда ба фаъолияти давлати соҳибистиқлоли тозабунёди  Тоҷикистон пайваста халал ворид месохтанд. Дар ҳамин гуна вазъияти ҳассос ва барои кишвар  муташанниҷ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон тамоми мардуми солимақл ва ватандӯсти  кишварро муттаҳид карданд ва роҳҳои мусолиҳаи миллиро ҷустуҷӯ намуда, наҷоти миллатро таъмин намуданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки яке аз масъалаҳои муҳими  рушду нумуи Тоҷикистон ин истифода  аз мероси бузурги ниёгонамон ба ҳисоб меравад. Мероси илмию адабии  аҷдодони бузурги халқи тоҷик  ва оқилона  истифода кардани  он дар ҳаёти  ҷомеа бешубҳа, боиси мустаҳкам гардидани ваҳдати миллӣ хоҳад буд. Дар асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Аз  Ориён то Сомониён», «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ», маърӯза  ва мақолаҳои эшон дар бораи 1100 солагии Давлати Сомониён, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Камоли Хуҷандӣ, Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, фарзанди фарзонаи халқи тоҷик   Абӯҳанифа  Нӯмон ибни Собит, ки  бо унвони  Имоми Аъзам шӯҳрат дорад, муносибати  сарвари давлат ба мероси маънавии миллат ва истифодаи он  дар навсозиҳои Тоҷикистон хеле равшану возеҳ инъикос ёфтааст.

Таърихи башарият гувоҳ аст, ки дар ҳамаи давру замон ҳар давлату миллат хамон вақт рушд меёбад, ки роҳбари он нисбат ба анъанаҳои миллии худ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда бошад. Боиси хушнудиву сарфарозист, ки бо баробари ба сари Ҳукумат омадани Сарвари кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба сиёсати ҷавонон таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда шуд. Номбурда  дар суханронӣ ва Паёмҳои худ роҷеъ ба  нақши ҷавонон дар ҷомеа ва мавқеи онҳо дар пешрафти соҳаҳои гуногун изҳори назар кардаанд ва  борҳо ба ҷавонон боварӣ ва эътимод зоҳир намудаанд. Чунончӣ дар яке аз  баромадҳои   худ  таъкид доштанд, ки «бо мақсади ҳамқадами замон тарбия кардани наслҳои ҷавон ва аз дастовардҳои илмиву техникӣ бархурдор гардидани онҳо мо ба рушди соҳаи маориф ва баланд бардоштани сифати таҳсилот афзалият дода, дар доираи он маблағгузории давлатии соҳаро сол ба сол зиёд карда истодаем ва саъю кӯшиш дорем, ки наврасону ҷавононро ҳарчи бештар ба донишандӯзӣ, азхуд кардани касбу ҳунар, фарогирии дастовардҳои илму техникаи муосир ва дар баробари аъло донистани забони модарӣ ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ раҳнамоӣ созем…».

Ин гуфтаҳо бори дигар исбот менамояд, ки аз Сарвари давлат дар ҳар маврид барои дастгирӣ ва интихобу муаррифии ҷавонон ва ба хусус ҷавонони болаёқат кӯшиш намуда, такрор ба такрор ин нуқтаро таъкид намудаанд.  Роҳбари давлат нағз медонанд, ки асоси пешрафту густариши соҳаҳои гуногуни кишвар маҳз ба нерӯи ҷавонон вобастагӣ доранд. Бинобар ин он кас борҳо таъкид менамоянд, ки ҷавононро дар ҳар  ҳолат ва дар ҳар вазъият чунон дастгирӣ ва кӯмак намоем, ки ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳонӣ бошанд. Шароити комилан мусоид барои ҷавонон ва фароҳам овардани муҳити фаъолият маҳз дар гуфтаҳои Сарвари  кишвар чандин маротиба қайд шудааст, ки ин ифодагари  сиёсати устувор ва ояндаравшан дар рушди давлат ва давлатдорӣ аст. Дар суханрониҳои Сарвари кишвар натанҳо ба нерӯи созандаи ҷавонон умед баста шудааст, балки ба маврид таъкид шудааст, ки ҷавонони мо аз ҳар гуна пешрафтҳои ҷаҳонӣ огоҳ бошанд ва сари вақт муҳимтарин рӯйдодҳои сиёсию иҷтимоиро, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ рух медиҳанд, дарк намоянд.

Дар як вохӯрие, ки бо ҷавонон сурат гирифта буд сарвари давлат якчанд нуктаи муҳимро таъкид намуданд, аз ҷумла  «Шумо – ҷавонон бояд хуб дарк намоед, ки оянда тақдири халқу давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол ба дўши шумо гузошта мешавад. Ин рисолати хайр, яъне ҳифзу обод кардан ва ба наслҳои оянда бегазанд ба мерос гузоштани сарзамини аҷдодӣ ва Ватани азизи хеш масъулияти бузург дорад ва ҳар яки шуморо вазифадор менамояд, ки ҳамеша ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, пойдориву устувории давлати соҳибихтиёри худ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ватандўстиву ватанпарастӣ кўшишу талош намоед“.

Ин гуфтаҳо воқеан шоҳиди он аст, ки роҳбари давлати мо маҳз он ҷавононеро соҳиби давлату миллат ва офарандаву созандаи фарҳанги миллӣ медонад, ки онҳо пеш аз ҳама бонангу номус ва боиродаву устувор мебошанд. Ҳамчунин, дар вохӯриҳои Президенти кишвар аз назари дигар ишорае ҳаст, ки ҷавононро маҳз ба ҳамин хислатҳои мардонагию ҷавонмардиву ватандорӣ ҳидоят менамояд, масалан дар ҷое қайд менамоянд, ки «Ҷавонон муҳофизони боэътимоди Ватан, амнияти давлату миллат, сарчашмаи ташаббусҳо ва манбаи асосии кадрҳо ҳастанд”.

Дар як мулоқоти дигарашон Сарвари давлат ба фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсили ҷавонон, аз ҷумла ҳавасмандгардонии онҳо дар ҷодаи такмили дониш, лаёқат, эҷодкорӣ ва фаъолнокӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ таваҷҷӯҳ намуда, дастгирии мунтазами ҷавонони лаёқатмандро таъкид карданд.

 Маълум мешавад, ки андешаҳои  Президенти  кишвар дар мавриди нақши муассир доштани нерӯи ҷавонон дар муҳити сиёсӣ ва дигаргуншавиҳои иҷтимоиву  фарҳангӣ,  ҳамчунин густариши соҳаҳои гуногуни ҷомеа такя ба меъёрҳои устувори сиёсӣ ва давлатдорӣ мебошад.  Метавон мисолҳои зиёдеро ин ҷо овард, ки  бевосита таваҷҷӯҳ ва эътимоди шахсии Сарвари  давлатро нисбат ба насли ҷавон ифода менамояд.

Мулоқот ва вохӯриҳои пайвастаи Президент бо ҷавонон дар  ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон  ва  бештар гардидани таваҷҷӯҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва ҷомеаи Тоҷикистон нисбат ба насли ҷавон  нақши назаррас бозид.  Қабул  гардидани  як қатор қонун ва  барномаҳои давлатӣ   аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон, Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2020, Барномаи миллии «Ҷавонони Тоҷикистон» (аз соли 1999), Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстии ҷавонони Тоҷикистон (аз соли 2002) ва Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз соли 2006) далели ин гуфтаҳоянд, ки  масъалаҳои  мубрами ҳаётии  ҷавононро дар бар гирифта, эътимоди онҳоро ба фардои ҷомеа боз ҳам қавитар намуданд.

Сиёсати давлатии ҷавононро дар ҷомеаи имрӯза метавон дар чанд самт ба назар гирифт, ки бевосита ифодакунандаи  иртиботи солим ва робитаи муштарак миёни ҷавонон ва давлат мебошад. Дар ҷомеаи имрӯза барои ҷавонон аз ҷониби ҳукумат ва бахусус сарвари давлат тадбирҳои муҳим ва тасмимҳои муфид ба анҷом расидаанд, ки бори дигар таваҷҷӯҳи махсуси сохторҳои давлатиро ба ҷавонон бозгӯ месозанд.

 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника бозгӯи таҳким бахшидан ба сиёсати давлатии ҷавонон мебошад, ки баъдтар ингуна тасмимҳои барои ҷавонон ҳаётан муҳим аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кумитаҳову сохторҳои дигари давлатӣ пайгирӣ гардиданд. Ин буд, ки бо мақсади дастгирии ҳамаҷониба ва боз ҳам баланд бардоштани мақоми ҷавонон дар ҳаёти умумии ҷомеа ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” тағйирот ворид гардида, санаи 23 май «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» эълон гардид. Илова бар ин, бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандии  ҷавонони соҳибистеъдод, бахусус олимон ва муҳақиқони ҷавон дар ҷумҳурӣ, таъсиси ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон дар соҳаҳои мухталиф сурат гирифт, ки идомаи ташаббусҳои давлат дар сиёсати давлатии ҷавонон мебошад.

Боиси ифтихор аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат Соли 2017-ро соли ҷавонон эълон намуда буданднд. Пешвои миллат қайд намуда буданд, ки «Ҷавонони имрӯзаи мо, яъне насли замони истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳама боиси ифтихори мо мебошад».

Боварӣ ва ифтихори сарвари кишвар аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонӣ ва одобу ахлоқи насли замони истиқлол бори дигар онҳоро водор месозад, ки  далерона ба сӯйи фардои дурахшони ватан ҳамчун нерӯи пешбарандаи сиёсати Пешвои миллат қадамҳои устувор гузоранд.

Боиси ифтихор ва шарафмандист, ки имрӯз олимони ҷавони донишгоҳ ва донишҷӯёни навовар дар самти корҳои ихтироъкорӣ ба чандин дастоварду комёбиҳо мушарраф гардида, соҳиби даҳҳо шаҳодатномаҳои муаллифӣ гаштаанд. Доир ба навовариҳо ва ихтирооташон дар озмунҳои мухталиф иштирок намуда, шарафи донишгоҳи азизамонро баланд бардошта истодаанд. Ин ҳама бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст

Бинобар ин, бе шакку шубҳа имрӯз миллати шарафманди тоҷик гуфта метавонанд, ки дар таҳкими Истиқлолият ва бунёди  давлатдории миллӣ, нақш ва мавқеи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи асосиро соҳиб мебошад.  Аз ҳамин сабаб имрӯз ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳои бевоситаи Сарвари давлат тамоми саъю талоши хешро дар роҳи расидан ба ормонҳои олии миллат равона созанд ва дар роҳи бунёдкориву созандагӣ якҷоя бо Пешвои миллат бошанд.

 

Лутфуллоев М.Д. муаллими кафедраи технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт

 

You might also like