Пирӯзии навбатии донишҷўи ДДҲБСТ

Донишҷӯи соли сеюми Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шаҳбоз Ҳаитов дар мусобиқаи Осиёӣ ба гирифтани медали нуқра шарафёб гардид. Дар мусобиқаи бокс барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон варзишгарон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуданд. Донишҷўи донишгоҳ бо шикаст додани се ҳарифи хеш ба даври ниҳоии мусобиқа роҳ ёфт. Дар даври ниҳоӣ бо иштирокчии бозиҳои олимпӣ Шаҳбоз Неъматуллоев нерӯсанҷӣ кард ва соҳиби медали нуқра гардид.
Донишҷўи ДДҲБСТ борҳо дар мусобиқаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ ба дастовардҳои зиёд комёб шудааст.Ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ Шаҳбоз Ҳаитовро барои пирӯзӣ дар ин мусобиқа шодбош намуда, ҷиҳати муваффақиятҳои дигар дар мусобиқаҳои байналмилалӣ комёбӣ орзу менамояд.

 

 

 

 

 

You might also like