Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ-бунёдгузори низоми муосири андозбандӣ

Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар остонаи таҷлили ҷашни фархундаи миллат, 30-солагии Иҷлосия XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мулоқоти хатмкунандагони ихтисоси андоз ва андозбандии донишгоҳ бо мутахассисони варзидаи раёсати андоз дар вилояти Суғд баргузор гардид. Дар мулоқот сармутахассиси шўъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони раёсати андоз дар вилояти Суғд Раҳмонова Заррина, роҳбари Маркази такмили ихтисоси раёсати андоз, Аълочии мақомоти андоз Валаматшех Маҳмудов, собиқадори мақомоти андози вилоят Сабуров Дўстмуҳаммад, сармутахассиси бахши таҷрибаомўзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони ДДҲБСТ Маҷидзода Муҳаббат ва хатмкунандагони шўъбашои рўзонаву фосилавии ихтисоси андоз ва андозбандӣ ширкат варзиданд.  Декани факултети баҳисобгирӣ ва андоз Орипов А. иштирокчиёни чорабиниро ба ифтихори ҷашни Иҷлосияи тақдирсоз шодбош намуд.Сипас, баромадкунандагон дар мавзӯҳои “Нақши ҷараёни рақамикунонии муносибатҳои андозӣ дар рушди иқтисоди миллӣ”, “Самаранокии ислоҳоти андоз дар таъмини амнияти иқтисодии кишвар” ва “Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ-бунёдгузори низоми муосири андозбандӣ” маърӯза намуданд 

Иброз шуд, ки ҳадафи баргузории мулоқоти мазкур тақвият бахшидани ҳамкорҳои тарафҳо дар самти омодасозии хушсифати мутахассисони ояндаи соҳа ва муаррифии хатмкунандагон ба мақомоти андоз ҷиҳати минбаъд бо кор таъмин намудани онҳо ва баҳрабардорӣ аз ҷараёни рақамикунонии фаъолияти соҳа дар густариши муносибатҳои андозӣ дар иқтисодиёт ба мисоб меравад.    

 Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like